https://sputnik.tj/20240816/patrushev-hamla-artishi-ukraina-kursk-nato-tarhrezi-shudaast-1063975617.html
Патрушев: Ҳамлаи артиши Украина ба Курск аз сӯи НАТО тарҳрезӣ шудааст
Патрушев: Ҳамлаи артиши Украина ба Курск аз сӯи НАТО тарҳрезӣ шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Ёвари раисҷумҳури Русия Николай Патрушев таъкид кардааст, ки талоши нерӯҳои украинӣ барои забти вилояти Курск аз сӯйи кишварҳои Ғарб тарҳрезӣ шудааст
2024-08-16T16:59+0500
2024-08-16T16:59+0500
2024-08-16T17:28+0500
русия
дар русия
нато
николай патрушев
амалиёти вижа
нато
ғарб
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0a/1054091848_0:0:2939:1654_1920x0_80_0_0_eb6cac9bcb0f87997ffab16a7a8f02df.jpg
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Ҳамлаи артиши Украина ба минтақаи Курск бо ширкати Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ва хадамотҳои кашшофии кишварҳои Ғарб тарҳрезӣ шуда буд ва он дар пайи эҳсоси наздикшавии суқути режими Киев сурат гирифт.Дар ин бора ёвари президенти Русия Николай Патрушев хабар дод.Вай таъкид кард, ки маҳз Ғарб "хунтаи ҷиноиро ба сари қудрат дар Украина гузоштааст" ва кишварҳои узви паймон ин кишварро бо силоҳ "таъмин кардаанд" ва ҳамчунин маълумоти кашшофиро ба Киев медиҳанд ва амалкарди онро назорат мекунанд.Оқои Патрушев дар мусоҳиба бо хабаргузории "Известия" гуфтааст, амалиёт дар вилояти Курск низ бо ширкати НАТО ва хадамоти иктишофии кишварҳои Ғарб тарҳрезӣ шуда буд.Ёвари раҳбари Русия таъкид кард, ки ин амали ҷиноӣ дар ҳолате сурат мегирад, ки кишварҳои Ғарб аз суқути режими нозии Киев огоҳ ҳастанд.Ёдовар мешавем, ки нерӯҳои Украина аз 6 август ба вилояти Курск ҳамла доранд. Артиши Русия нерӯҳои украиниро дар манотиқи марзӣ боздошт ва аз убури амиқтар ба қаламрави кишвар ҷилавгирӣ доранд. Кумитаи тафтишот хабар дод, ки артиши Украина аз силоҳҳои НАТО дар минтақаи Курск фаъолона истифода мебаранд.Вазорати дифоъ рӯзи 15 август хабар дод, ки талафоти душман то 2640 нафар ва садҳо техникаи ҷангиро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20240815/artishi-rusiya-ba-poksozii-manotiqi-tasarrufkardai-artishi-ukraina-dar-kursk-oghoz-kard-1063964177.html
русия
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0a/1054091848_207:0:2938:2048_1920x0_80_0_0_1e616b872006467fb2fa6a194c906c0a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, амалиёти вижа, курск, ҳамла, нато, ғарб, тарҳрезӣ, николай патрушев
русия, украина, амалиёти вижа, курск, ҳамла, нато, ғарб, тарҳрезӣ, николай патрушев
Патрушев: Ҳамлаи артиши Украина ба Курск аз сӯи НАТО тарҳрезӣ шудааст
16:59 16.08.2024 (Навсозишуда: 17:28 16.08.2024) Ёвари раисҷумҳури Русия Николай Патрушев таъкид кардааст, ки талоши нерӯҳои украинӣ барои забти вилояти Курск аз сӯйи кишварҳои Ғарб тарҳрезӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Ҳамлаи артиши Украина ба минтақаи Курск бо ширкати Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ва хадамотҳои кашшофии кишварҳои Ғарб тарҳрезӣ шуда буд ва он дар пайи эҳсоси наздикшавии суқути режими Киев сурат гирифт.
Дар ин бора ёвари президенти Русия Николай Патрушев хабар дод.
Вай таъкид кард, ки маҳз Ғарб "хунтаи ҷиноиро ба сари қудрат дар Украина гузоштааст" ва кишварҳои узви паймон ин кишварро бо силоҳ "таъмин кардаанд" ва ҳамчунин маълумоти кашшофиро ба Киев медиҳанд ва амалкарди онро назорат мекунанд.
Оқои Патрушев дар мусоҳиба бо хабаргузории "Известия" гуфтааст, амалиёт дар вилояти Курск низ бо ширкати НАТО ва хадамоти иктишофии кишварҳои Ғарб тарҳрезӣ шуда буд.
Ёвари раҳбари Русия таъкид кард, ки ин амали ҷиноӣ дар ҳолате сурат мегирад, ки кишварҳои Ғарб аз суқути режими нозии Киев огоҳ ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки нерӯҳои Украина аз 6 август ба вилояти Курск ҳамла доранд. Артиши Русия нерӯҳои украиниро дар манотиқи марзӣ боздошт ва аз убури амиқтар ба қаламрави кишвар ҷилавгирӣ доранд. Кумитаи тафтишот хабар дод, ки артиши Украина аз силоҳҳои НАТО дар минтақаи Курск фаъолона истифода мебаранд.
Вазорати дифоъ рӯзи 15 август хабар дод, ки талафоти душман то 2640 нафар ва садҳо техникаи ҷангиро ташкил медиҳад.