https://sputnik.tj/20240815/artishi-rusiya-ba-poksozii-manotiqi-tasarrufkardai-artishi-ukraina-dar-kursk-oghoz-kard-1063964177.html
Артиши Русия ба поксозии манотиқи тасарруфкардаи артиши Украина дар Курск оғоз кард
Артиши Русия ба поксозии манотиқи тасарруфкардаи артиши Украина дар Курск оғоз кард
Sputnik Тоҷикистон
Артиши Русия дар 7 деҳаҳои наздимарзии вилояти Курск амалиёти поксозиро оғоз кард. Ба мавқеъҳои артиши Украиана дар ин минтақаҳо зарба зада шуд
2024-08-15T19:59+0500
2024-08-15T19:59+0500
2024-08-15T19:59+0500
русия
дар русия
амалиёти вижа
украина
артиши русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/08/1063859843_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_11c6416a43e8b1f4ece0c6cb57af153a.jpg
ДУШАНБЕ, 15авг — Sputnik. Нерӯҳои Русия ба минтақаҳои ҷойгиршавии нерӯҳои мусаллаҳ ва техникаи артиши Украина дар манотиқи Олговка, Снагост, Погребков, Мирний, Заолешенка, Успеновка ва Южний дар вилояти Курск зарба заданд, хабар медиҳад вазорати дифои Русия."Макони ҷойгиршавии артиш ва техникаи 22, 61-уми нерӯҳои савора, 92-юм, 95-уми нерӯҳои ҳамлаи ҳавоии артиши Украина, инчунин бригадаи 1-уми гвардияи миллӣ ва бригадаи 129-уми дифои минтақавӣ дар минтақаҳои Олговка, Снагости, Погребка, Погреб, ва Южний", — иттилоъ додааст вазорати дифоъ.Вазорати дифои Русия ҳамчунин хабар дод, ки нерӯҳои ба вилояти Курск ҳамлакарда, дар як рӯз то 340 сарбоз, панҷ зиреҳпӯши Брэдли, 14 мошини зиреҳпӯш ва панҷ тӯпхонаи саҳроӣ ва инчунин як мушакандози чандгонаро аз даст доданд."Дар давоми рӯз талафоти Қувваҳои Мусаллаҳи Украина то 340 нафар низомиёнро ташкил дод”, - қайд кард вазорати дифоъ.Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни даргириҳо дар манотиқи марзии вилояти Курск, нерӯҳои украинӣ то 2640 нафар низомиёнро талаф додаанд, хабар медиҳад вазорат.Сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов гуфт, субҳи 6 август воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо ҳадафи тасарруфи қаламрав дар вилояти Курск марзро убур карданд. Вай гуфт артиш ба пешравии онҳо анҷом дод. Вай таъкид кард, ки амалиёт дар вилояти Курск бо шикасти душман ва бозгашти артиш ба марзи давлатӣ анҷом меёбад.Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки режими Киев даст ба иғво андохтааст. Путин гуфт, ки душман посухи шоиста хоҳад гирифт ва ҳама ҳадафҳое, ки Русия дар пеши худ гузошта буд, амалӣ хоҳанд шуд.
https://sputnik.tj/20240814/vazrati-difoi-rusiya-talafoti-ukraina-kurskro-afzoish-1063950952.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/08/1063859843_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_277417f056316448b3bd246712fded3f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, артиш поксозӣ, курск, украина, нерӯҳо, оғоз, артиши русия
русия, артиш поксозӣ, курск, украина, нерӯҳо, оғоз, артиши русия
Артиши Русия ба поксозии манотиқи тасарруфкардаи артиши Украина дар Курск оғоз кард
Артиши Русия дар 7 деҳаи наздимарзии вилояти Курск амалиёти поксозиро оғоз кард. Ба мавқеъҳои артиши Украина дар ин минтақаҳо зарба зада шуд
ДУШАНБЕ, 15авг — Sputnik. Нерӯҳои Русия ба минтақаҳои ҷойгиршавии нерӯҳои мусаллаҳ ва техникаи артиши Украина дар манотиқи Олговка, Снагост, Погребков, Мирний, Заолешенка, Успеновка ва Южний дар вилояти Курск зарба заданд, хабар медиҳад вазорати дифои Русия.
"Макони ҷойгиршавии артиш ва техникаи 22, 61-уми нерӯҳои савора, 92-юм, 95-уми нерӯҳои ҳамлаи ҳавоии артиши Украина, инчунин бригадаи 1-уми гвардияи миллӣ ва бригадаи 129-уми дифои минтақавӣ дар минтақаҳои Олговка, Снагости, Погребка, Погреб, ва Южний", — иттилоъ додааст вазорати дифоъ.
Вазорати дифои Русия ҳамчунин хабар дод, ки нерӯҳои ба вилояти Курск ҳамлакарда, дар як рӯз то 340 сарбоз, панҷ зиреҳпӯши Брэдли, 14 мошини зиреҳпӯш ва панҷ тӯпхонаи саҳроӣ ва инчунин як мушакандози чандгонаро аз даст доданд.
"Дар давоми рӯз талафоти Қувваҳои Мусаллаҳи Украина то 340 нафар низомиёнро ташкил дод”, - қайд кард вазорати дифоъ.
Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни даргириҳо дар манотиқи марзии вилояти Курск, нерӯҳои украинӣ то 2640 нафар низомиёнро талаф додаанд, хабар медиҳад вазорат.
Сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов гуфт, субҳи 6 август воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо ҳадафи тасарруфи қаламрав дар вилояти Курск марзро убур карданд. Вай гуфт артиш ба пешравии онҳо анҷом дод. Вай таъкид кард, ки амалиёт дар вилояти Курск бо шикасти душман ва бозгашти артиш ба марзи давлатӣ анҷом меёбад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки режими Киев даст ба иғво андохтааст. Путин гуфт, ки душман посухи шоиста хоҳад гирифт ва ҳама ҳадафҳое, ки Русия дар пеши худ гузошта буд, амалӣ хоҳанд шуд.