Роҳ сӯи ҳамкорӣ: Гардиши мол миёни Суғд ва Бодканд афзоиш ёфтааст

© Sputnik / Амир ИсаевВъезд в Ворух, архивное фото
Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2024
Обуна шудан
Ду вилояти марзии Тоҷикистону Қирғизистон соли гузашта ба маблағи беш аз ним миллион доллар савдо доштаанд, ки тамоюли афзоиш ҷой дорад
ДУШАНБЕ, 16 фев – Sputnik. Давоми се моҳи охири соли гузашта тиҷорати хориҷӣ миёни вилоятҳои Суғду Бодканд ба 273 ҳазор доллар баробар шудааст, иттилоъ дод, сардори бахши омори савдо дар Сарраёсати омори вилояти Суғд, Дилором Муҳиддинзода.
Бино ба иттилоъи манбаъ ин рақам дар муқоиса ба 9 моҳи аввали сол 20% афзоиш ёфтааст.
Давоми моҳҳои январ – сентябри соли 2023 гардиши мол байни вилоятҳои Суғду Бодканд ба андозаи 229 ҳазор доллар ҳисоб шуда буд.
“Бар пояи маълумоти гумрукӣ давоми се моҳи охири соли гузашта ба андозаи беш аз 241 ҳазор доллар содирот ва дар ҳаҷми қариб 32 ҳазор доллар воридот сурат гирифтааст” – гуфт Муҳиддинзода.
Пограничная вышка в Киргизии. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2024
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Раиси Кумитаи замин: Қариб 890 км марз бо Қирғизистон мувофиқа шудааст
Бино ба иттилоъи ин масъули Идораи омори вилояти Суғд давоми соли 2023 маблағи гардиши савдо байни Суғд ва Бодканд беш аз ним млн долларро ташкил додаст.
Дар ин давра аз вилояти Суғд нерӯи барқ, профилҳои алюминӣ ва фурӯши мошинҳои сабукрав сурат гирифтааст. Аз Бодканд барқ, обгармкунанкҳои барқӣ ва шакар хариддорӣ шудааст.
Тиҷорати мол байни Тоҷикистон ва Қирғизистон асосан тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Суғд ва Бодканд сурат мегирад.
Комиссияи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаи марз як сол ба ин тараф пайваста ҷаласаи корӣ доир намуда ва давоми соли 2023 наздик ба 170 км сарҳадро муайян намудаанд.
Тоҷикистону Қирғизистон байни ҳам 987, 6 километр марзи муштарак доранд ва то ҳол 889,45 километри он муайян шудааст. Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ азм доранд, хати боқимондаи марзро бо дарназардошти манофеи ҳардуҷониб муайян кунанд.
Лентаи хабарҳо
0