https://sputnik.tj/20240815/eron-ozodi-shahrvandi-tojikiston-garavgoni-banda-tehron-1063962277.html
Эрон аз озодии 4 шаҳрванди Тоҷикистон аз гаравгони як банда дар Теҳрон хабар дод
Эрон аз озодии 4 шаҳрванди Тоҷикистон аз гаравгони як банда дар Теҳрон хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Эрон ҷузъиёти амалиёти озодсозии 4 тан аз атбои Тоҷикистон, ки тавассути аъзои як бандаи байналмилалии қочоқи инсон ба гаравгони гирифта шуда буданд нашр кард
2024-08-15T18:59+0500
2024-08-15T18:59+0500
2024-08-15T18:59+0500
дар тоҷикистон
эрон
қочоқ
қочоқи инсон
теҳрон
пулис
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/1a/1063358512_265:0:3906:2048_1920x0_80_0_0_65b2863b2e152f4a8a0293ae39d66132.jpg
ДУШАНБЕ, 15авг — Sputnik. Пулиси Теҳрон бо судури як иттилоия, эълом кард, ки пас аз иттилоъ аз вуқуъи гаравгонгирӣ чаҳор шаҳрванди хориҷӣ, билофосила иқдомоти пайгирӣ анҷом шуд.Манбаъ хабар дод, ки дар кутоҳтарин замон, маҳали гаравгонгирон шиносоӣ шуд ва тайи як даргирӣ, се нафар аз гаравгонгирҳо, ҳадафи гулӯла қарор гирифтанд.“Гаравгонҳо низ саҳеҳу солим озод шуданд”, - қайд кардааст пулиси Теҳрон.Сардор Алӣ Валипур Гударзӣ дар ташреҳи ҷузъиёти ин хабар гуфт, ки чаҳор шаҳрванди тоҷикистонӣ дар ибтидо ба сурати қонунии вориди Эрон шуда аммо дар идома қасд доштанд то бо истифода аз қочоқчиёни инсонӣ худро ба кишварҳои аврупоӣ ниҳоятан Амрико бирасонанд.Вай идома дод, ки полиси Теҳрон махфигоҳи қочоқчиёну маҳали нигаҳдории афроди рабӯдшударо дар яке шаҳристонҳои устони Теҳрон шиносоӣ карда ва пас аз ахзи муҷаввизҳои қазоӣ тайи як амалиёти ғофилгирона ба маҳали нигаҳдории ин чаҳор шаҳрванди хориҷии рабудашуда рафта ва ононро озод карданд.Раиси полиси Теҳрон бо баёни инки дар замони иҷрои амалиёти озодӣ, ҳар чаҳор табаъаи хориҷии гаравгон гирифташуда бидуни ҳаргуна осебе наҷот пайдо карданд, гуфт дар идома панҷ нафар аз қочоқчиёни инсон ҳам, ки дорои тобеъияти ғайр Эронӣ буданд, дастгир шуданд.Зимни дастгирии дастгирӣ се нафар аз онҳо ки бо таҳдиди силаҳи сарди қасд ба хатар андохтани ҷони гаравгонҳоро доштанд, мавриди ҳадафи гулӯла қарор гирифтанд.
https://sputnik.tj/20240806/ravuoi-bemamoniyat-tojikiston-eron-nizomi-beravodid-1063822576.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/1a/1063358512_1175:0:3906:2048_1920x0_80_0_0_fe8029d3cb390470a0331d23e9f5b5ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, теҳрон, гаравгон, банда, ҷиноят, қочоқи инсон
тоҷикистон, эрон, теҳрон, гаравгон, банда, ҷиноят, қочоқи инсон
Эрон аз озодии 4 шаҳрванди Тоҷикистон аз гаравгони як банда дар Теҳрон хабар дод
Эрон ҷузъиёти амалиёти озодсозии 4 тан аз атбои Тоҷикистон, ки тавассути аъзои як бандаи байналмилалии қочоқи инсон ба гаравгони гирифта шуда буданд нашр кард
ДУШАНБЕ, 15авг — Sputnik. Пулиси Теҳрон бо судури як иттилоия, эълом кард, ки пас аз иттилоъ аз вуқуъи гаравгонгирӣ чаҳор шаҳрванди хориҷӣ, билофосила иқдомоти пайгирӣ анҷом шуд.
Манбаъ хабар дод, ки дар кутоҳтарин замон, маҳали гаравгонгирон шиносоӣ шуд ва тайи як даргирӣ, се нафар аз гаравгонгирҳо, ҳадафи гулӯла қарор гирифтанд.
“Гаравгонҳо низ саҳеҳу солим озод шуданд”, - қайд кардааст пулиси Теҳрон.
Сардор Алӣ Валипур Гударзӣ дар ташреҳи ҷузъиёти ин хабар гуфт, ки чаҳор шаҳрванди тоҷикистонӣ дар ибтидо ба сурати қонунии вориди Эрон шуда аммо дар идома қасд доштанд то бо истифода аз қочоқчиёни инсонӣ худро ба кишварҳои аврупоӣ ниҳоятан Амрико бирасонанд.
“Аммо пас аз вуруд ба Теҳрон, тавассути қочоқчиёни инсони рабуда шуда ва қочоқчиён барои озодии онҳо 10 миллиард тӯмон талаб намуданд”, - гуфт Алӣ Валипур.
Вай идома дод, ки полиси Теҳрон махфигоҳи қочоқчиёну маҳали нигаҳдории афроди рабӯдшударо дар яке шаҳристонҳои устони Теҳрон шиносоӣ карда ва пас аз ахзи муҷаввизҳои қазоӣ тайи як амалиёти ғофилгирона ба маҳали нигаҳдории ин чаҳор шаҳрванди хориҷии рабудашуда рафта ва ононро озод карданд.
Раиси полиси Теҳрон бо баёни инки дар замони иҷрои амалиёти озодӣ, ҳар чаҳор табаъаи хориҷии гаравгон гирифташуда бидуни ҳаргуна осебе наҷот пайдо карданд, гуфт дар идома панҷ нафар аз қочоқчиёни инсон ҳам, ки дорои тобеъияти ғайр Эронӣ буданд, дастгир шуданд.
Зимни дастгирии дастгирӣ се нафар аз онҳо ки бо таҳдиди силаҳи сарди қасд ба хатар андохтани ҷони гаравгонҳоро доштанд, мавриди ҳадафи гулӯла қарор гирифтанд.