Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Давлат Болтаев унвони нав гирифтанд

© SputnikВстреча олимпийской сборной Таджикистана в аэропорту Душанбе
Встреча олимпийской сборной Таджикистана в аэропорту Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2024
Обуна шудан
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон эълон кард, ки ба се ҷоизадори бозиҳои олимпӣ унвони Устоди варзиш дода шуд
ДУШАНБЕ, 15 август — Sputnik. Ба се ҷоизадори Бозиҳои олимпии Париж-2024 Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Давлат Болтаев унвони Устоди варзиши Тоҷикистон дода шуд.
Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин ба ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ Кумита мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор доллар додааст.
Ҳамчунин мураббиёни ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Порис бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Церемония вручения государственных наград призерам XXXIII летних Олимпийских игр в Париже-2024 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2024
Раҳмон ба ҷоизадори бозиҳои олимпии Порис мукофотпулӣ, мошин, хона ва ордени Шараф дод
Ёдовар мешавем, ки ахиран раисҷумҳури кишвар ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ - Болтаев Давлат узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи бокс, Раҳимов Темур ва Маҳмадбеков Сомон узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи гӯштини ҷудо бо ордени “Шараф” дараҷаи ІІ дод.
Ҳамчунин президенти кишвар ба варзишкорон ғайр аз ордени “Шараф” ба ҳар як нафар боз 200 ҳазор сомонӣ, хонаи истиқоматӣ ва мошини муосири барқӣ тақдим кард.
Ёдовар мешавем, ки тими олимпии Тоҷикистон аз Порис бо се нишони биринҷӣ - 2 адад дар риштаи ҷудо ва як адад дар бахши бокс баргашт.
Дар Олимпиадаи Порис Тоҷикистонро 14 варзишгар муаррифӣ кард, вале танҳо се нафари онҳо – Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов, ҳарду дар риштаи ҷудо, Давлат Болтаев дар риштаи бокс соҳиби – медали биринҷӣ гаштанд.
11 варзишгари дигари тоҷик бидуни медал ба Ватан баргаштанд.
Лентаи хабарҳо
0