https://sputnik.tj/20240814/rahmon-joizadori-bozihoi-olimpii-poris-mukofotpuli-moshin-khona-ordeni-sharaf-1063936683.html
Раҳмон ба ҷоизадори бозиҳои олимпии Порис мукофотпулӣ, мошин, хона ва ордени Шараф дод
Раҳмон ба ҷоизадори бозиҳои олимпии Порис мукофотпулӣ, мошин, хона ва ордени Шараф дод
Sputnik Тоҷикистон
Ҳар як ҷоизадори бозиҳои олимпии Порис соҳиби мукофоти давлатӣ - Ордени Шараф, 200 ҳазор сомонӣ, хонаи истиқоматӣ ва мошини муосири барқӣ гардиданд
2024-08-14T14:19+0500
2024-08-14T14:19+0500
2024-08-15T14:09+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
варзишгарони тоҷик
ордени "шараф"
хона
мошин
мукофотпулӣ
эмомалӣ раҳмон
раисҷумҳур
ҷоиза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/0e/1063934766_17:22:1219:698_1920x0_80_0_0_db0ad7552664936d60ba8e97c3326e5a.jpg
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷоизадорони Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Порис-2024-ро, ки бо медалҳои биринҷӣ ба кишвар баргаштанд, бо нишони қадршиносӣ ба ҳузур пазируфт.Дар асоси фармони Президенти Тоҷикистон ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ - Болтаев Давлат узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи бокс, Раҳимов Темур ва Маҳмадбеков Сомон узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи гӯштини ҷудо бо ордени “Шараф” дараҷаи ІІ сарфароз гардонида шуданд.Раисҷумҳури кишвар ҳамчунин ба Маҳмадзоир Исмоил - президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистонро бо ордени “Шараф” дараҷаи ІІ сарфароз гардонид.Қайд карда шудааст, ки ба се нафар ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ - Болтаев Давлат, Маҳмадбеков Сомон ва Раҳимов Темур калиди хонаҳо тақдим гардид, ки дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст.“Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ҳар як ҷоизадори бозиҳои олимпии Порис соҳиби мукофоти давлатӣ - Ордени Шараф дараҷаи II, 200 ҳазор сомонӣ - Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонаи истиқоматӣ ва мошини муосири барқӣ гардид”, - таъкид кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон супориш дод то ҳамаи мураббиёни варзишӣ, ки саҳми намоён гузоштаанд, низ ба таври шоиста қадрдонӣ карда шаванд.Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки нишондоди варзишгарони тоҷик дар таърихи соҳаи варзиши тоҷик дастоварди бузург мебошад ва ин натиҷаи талошҳову тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳои варзишӣ ва заҳмати содиқонаи худи паҳлавонон аст, ки аз як чорабинии бузурги ҷаҳонӣ бо натиҷаҳои арзанда ба Ватан баргаштанд.“Дар байни 206 давлати дунё сазовори медал гардидан ва парчами давлатиро боло бардоштан, ин шарафи бузург, омили муҳими муаррифии давлату миллат, баланд бардоштани обруву нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҳавасмандгардонии наврасону ҷавонони тоҷик ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад”, - иброз дошт Президент.Ёдовар мешавем, ки тими олимпии Тоҷикистон аз Порис бо се нишони биринҷӣ - 2 адад дар риштаи ҷудо ва як адад дар бахши бокс баргашт.Дар Олимпиадаи Порис Тоҷикистонро 14 варзишгар муаррифӣ кард вале танҳо се нафари онҳо – Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов, ҳарду дар риштаи ҷудо, Давлат Болтаев дар риштаи бокс соҳиби – медали биринҷӣ гаштанд.11 варзишгари дигари тоҷик бидуни медал ба Ватан баргаштанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/0e/1063934766_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_bc9e4be1973135ab4818eefdd623d512.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бозиҳои олимпӣ, ҷоизадорон, эмомалӣ раҳмон, ордени шараф, хона, мошин, мукофотпулӣ
тоҷикистон, бозиҳои олимпӣ, ҷоизадорон, эмомалӣ раҳмон, ордени шараф, хона, мошин, мукофотпулӣ
Раҳмон ба ҷоизадори бозиҳои олимпии Порис мукофотпулӣ, мошин, хона ва ордени Шараф дод
14:19 14.08.2024 (Навсозишуда: 14:09 15.08.2024) Ҳар як ҷоизадори бозиҳои олимпии Порис соҳиби мукофоти давлатӣ - Ордени Шараф, 200 ҳазор сомонӣ, хонаи истиқоматӣ ва мошини муосири барқӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷоизадорони Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Порис-2024-ро, ки бо медалҳои биринҷӣ ба кишвар баргаштанд, бо нишони қадршиносӣ ба ҳузур пазируфт.
Дар асоси фармони Президенти Тоҷикистон ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ - Болтаев Давлат узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи бокс, Раҳимов Темур ва Маҳмадбеков Сомон узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи гӯштини ҷудо бо ордени “Шараф” дараҷаи ІІ сарфароз гардонида шуданд.
Раисҷумҳури кишвар ҳамчунин ба Маҳмадзоир Исмоил - президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистонро бо ордени “Шараф” дараҷаи ІІ сарфароз гардонид.
Қайд карда шудааст, ки ба се нафар ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ - Болтаев Давлат, Маҳмадбеков Сомон ва Раҳимов Темур калиди хонаҳо тақдим гардид, ки дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст.
“Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ҳар як ҷоизадори бозиҳои олимпии Порис соҳиби мукофоти давлатӣ - Ордени Шараф дараҷаи II, 200 ҳазор сомонӣ - Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонаи истиқоматӣ ва мошини муосири барқӣ гардид”, - таъкид кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон супориш дод то ҳамаи мураббиёни варзишӣ, ки саҳми намоён гузоштаанд, низ ба таври шоиста қадрдонӣ карда шаванд.
Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки нишондоди варзишгарони тоҷик дар таърихи соҳаи варзиши тоҷик дастоварди бузург мебошад ва ин натиҷаи талошҳову тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳои варзишӣ ва заҳмати содиқонаи худи паҳлавонон аст, ки аз як чорабинии бузурги ҷаҳонӣ бо натиҷаҳои арзанда ба Ватан баргаштанд.
“Дар байни 206 давлати дунё сазовори медал гардидан ва парчами давлатиро боло бардоштан, ин шарафи бузург, омили муҳими муаррифии давлату миллат, баланд бардоштани обруву нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҳавасмандгардонии наврасону ҷавонони тоҷик ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад”, - иброз дошт Президент.
Ёдовар мешавем, ки тими олимпии Тоҷикистон аз Порис бо се нишони биринҷӣ - 2 адад дар риштаи ҷудо ва як адад дар бахши бокс баргашт.
Дар Олимпиадаи Порис Тоҷикистонро 14 варзишгар муаррифӣ кард вале танҳо се нафари онҳо – Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов, ҳарду дар риштаи ҷудо, Давлат Болтаев дар риштаи бокс соҳиби – медали биринҷӣ гаштанд.
11 варзишгари дигари тоҷик бидуни медал ба Ватан баргаштанд.