https://sputnik.tj/20240815/sabti-sadamai-naqliyoti-tojikiston-dar-se-sol-1063953448.html
Сабти наздик ба 4,5 ҳазор садамаи нақлиётӣ дар Тоҷикистон дар се сол
Сабти наздик ба 4,5 ҳазор садамаи нақлиётӣ дар Тоҷикистон дар се сол
Sputnik Тоҷикистон
Ба асари садамаҳои нақлиётие, ки дар ҳудуди Тоҷикистон аз соли 2020 то соли 2023 ба қайд гирифта шудаанд 1692 нафар ба ҳалокат расидааст
2024-08-15T12:24+0500
2024-08-15T12:24+0500
2024-08-15T12:24+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
садама
ҳалокат
вкд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/03/1063412142_0:61:640:421_1920x0_80_0_0_b27a8337ef0a64f11e0f684ea3c8cd42.jpg
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон 539 садамаи нақлиётӣ (соли 2023 – 492 садама) рух додааст, иттилоъ додааст вазорати нақлиёт дар истинод ба гузориши ВКД Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ин ҳодисаҳо 236 нафар ҳалок ва 570 нафар захмӣ шуданд.Ин ниҳод таъкид кардааст, ки ки аксари садамаҳои нақлиётӣ бо сабабҳои риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аниқтараш баланд будани суръати ҳаракат (75%), нақзи қоидаҳои тағйири хати ҳаракат дар роҳ ва пешигирӣ ё обгон (45%), рондани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, набастани камарбанди бехатарӣ, гуфтугӯ бо телефони мобилӣ ҳангоми рондани мошин, беэътиноӣ ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ҳолати бади роҳҳо ва набудани аломатҳои роҳ ва ғайра ба амал меоянд.Вазорати нақлиёт дар истинод ба коршиносон қайд кардааст, ки афзоиши теъдоди автомобилҳо дар кишвар низ боиси тамбашавӣ ва ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ мегардад.“Солҳои охир шумораи мошинҳо дар Тоҷикистон хеле афзудааст. Тибқи маълумоти ВКД ҶТ, то 1 марти соли 2024 дар ҷумҳурӣ расман 666 074 воситаи нақлиёт - сабукрав, боркаш, мусофирбарӣ ба қайд гирифта шудааст. Як сол пеш ин рақам ба 601 136 адад баробар буд”, - хабар додааст манбаъ.Дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ 562 ҳазор мошини сабукрав ба қайд гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини хусусии сабукрав мавҷуд буд.
https://sputnik.tj/20240316/sadama-margbor-roh-dushanbe-chanoq-kushtav-zakhmi-1062071441.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/03/1063412142_0:0:640:480_1920x0_80_0_0_09f1f1c00ab5ecdbc30994febd234d74.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, садама, садамаи нақлиётӣ, сабт, ҳалокат, вкд
тоҷикистон, садама, садамаи нақлиётӣ, сабт, ҳалокат, вкд
Сабти наздик ба 4,5 ҳазор садамаи нақлиётӣ дар Тоҷикистон дар се сол
Ба асари садамаҳои нақлиётие, ки дар ҳудуди Тоҷикистон аз соли 2020 то соли 2023 ба қайд гирифта шудаанд 1692 нафар ба ҳалокат расидааст
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон 539 садамаи нақлиётӣ (соли 2023 – 492 садама) рух додааст, иттилоъ додааст вазорати нақлиёт дар истинод ба гузориши ВКД Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ин ҳодисаҳо 236 нафар ҳалок ва 570 нафар захмӣ шуданд.
“Танҳо дар давраи аз соли 2020 то соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон 4364 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асари онҳо 1692 нафар ҳалок гашта, 4776 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд”, - иттилоъ додааст Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки ки аксари садамаҳои нақлиётӣ бо сабабҳои риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аниқтараш баланд будани суръати ҳаракат (75%), нақзи қоидаҳои тағйири хати ҳаракат дар роҳ ва пешигирӣ ё обгон (45%), рондани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, набастани камарбанди бехатарӣ, гуфтугӯ бо телефони мобилӣ ҳангоми рондани мошин, беэътиноӣ ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ҳолати бади роҳҳо ва набудани аломатҳои роҳ ва ғайра ба амал меоянд.
Вазорати нақлиёт дар истинод ба коршиносон қайд кардааст, ки афзоиши теъдоди автомобилҳо дар кишвар низ боиси тамбашавӣ ва ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ мегардад.
“Солҳои охир шумораи мошинҳо дар Тоҷикистон хеле афзудааст. Тибқи маълумоти ВКД ҶТ, то 1 марти соли 2024 дар ҷумҳурӣ расман 666 074 воситаи нақлиёт - сабукрав, боркаш, мусофирбарӣ ба қайд гирифта шудааст. Як сол пеш ин рақам ба 601 136 адад баробар буд”, - хабар додааст манбаъ.
Дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ 562 ҳазор мошини сабукрав ба қайд гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини хусусии сабукрав мавҷуд буд.