https://sputnik.tj/20240316/sadama-margbor-roh-dushanbe-chanoq-kushtav-zakhmi-1062071441.html
Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Чаноқ панҷ куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.
Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Чаноқ панҷ куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.
Sputnik Тоҷикистон
Сабаби сар задани ҳодиса, идораи худравро аз даст додани ронандаи ҷавон гуфта мешавад, ки натиҷа он ба дараи баланд сарозер шуд
2024-03-16T14:15+0500
2024-03-16T14:15+0500
2024-03-16T14:15+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кҳф
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102928/85/1029288599_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_8d5defc7ad87e1cf761974b73b774ca7.jpg
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Дар масири Душанбе-Чаноқ садамаи мудҳиш сар зад, ки дар пай куштаву захмӣ барҷой гузошт.Дар бораи ин садамаи КҲФ хабар дода гуфт, ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ сар задааст.Ронандаи "Мерседес-Бенс" идораи мошинро аз даст дода, ба ҷарии 250 метр сарозер шуд. Дар натиҷа, мусофири 24-сола, сокини вилояти Хатлон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронанда ва се мусофир ҷароҳатҳои гуногун бардошта, ба бемористони маҳаллӣ мунтақил шудаанд.Манбаъ афзуд, ҷасади мусофири ҷавонро наҷотбахшон тавассути таҷҳизоти кӯҳнаварӣ аз дохили дара берун оварданд ва мақомоти марбута супурданд.Ин ниҳод ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд ва ба тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, инчунин меъёри суръатро риоя кунанд.Ёдовар мешавем, рузи 15 низ ВКД хабар дод, ки дар ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ мошини "Toyota” мансуб ба ташкилоти "Барги сабз" ба мошини "Дулан" бархӯрд, ки дар натиҷа чор корманди ташкилоти мазкур дар ҷои ҳодиса ҷон бохтанд.Манбаъ сабаби сар задани садамаро ноуҳдабароии ронандаи ташкилоти "Барги сабз" арзёбӣ кард.Дар ин ҳодиса ҳамчунин як корманди дигари ин ташкилот ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳоло дар беморхонаи Дарвоз бистарӣ шудааст.Ба иттилои ин ниҳод, бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон соли 2023 519 нафар ба ҳалокат расиданд.Дар умум садамаҳое, ки куштаю маҷруҳон барҷой гузоштаанд, беш аз 1,1 ҳазор ҳолат сабт шудааст. Шумори чунин садамаҳо 15 адад дар қиёс бо соли қаблӣ афзудаст.Шумори маҷруҳон дар садамаҳо наздики 1,2 ҳазор нафар ҳисоб шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2022 ҳудуди 1% зиёд гардидаанд.
https://sputnik.tj/20240215/halokat-odamon-sadama-sukhtor-tojikiston-1061701015.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102928/85/1029288599_194:0:915:541_1920x0_80_0_0_0608625de3d0c39d67de24975583429e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
садама маргбор роҳ душанбе-чаноқ куштав захмӣ
садама маргбор роҳ душанбе-чаноқ куштав захмӣ
Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Чаноқ панҷ куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.
Сабаби сар задани ҳодиса, идораи худравро аз даст додани ронандаи ҷавон гуфта мешавад, ки натиҷа он ба дараи баланд сарозер шуд
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Дар масири Душанбе-Чаноқ садамаи мудҳиш сар зад, ки дар пай куштаву захмӣ барҷой гузошт.
Дар бораи ин садамаи КҲФ хабар дода гуфт, ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ сар задааст.
Ронандаи "Мерседес-Бенс" идораи мошинро аз даст дода, ба ҷарии 250 метр сарозер шуд.
Дар натиҷа, мусофири 24-сола, сокини вилояти Хатлон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронанда ва се мусофир ҷароҳатҳои гуногун бардошта, ба бемористони маҳаллӣ мунтақил шудаанд.
Манбаъ афзуд, ҷасади мусофири ҷавонро наҷотбахшон тавассути таҷҳизоти кӯҳнаварӣ аз дохили дара берун оварданд ва мақомоти марбута супурданд.
Ин ниҳод ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд ва ба тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, инчунин меъёри суръатро риоя кунанд.
Ёдовар мешавем, рузи 15 низ ВКД хабар дод, ки дар ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ мошини "Toyota” мансуб ба ташкилоти "Барги сабз" ба мошини "Дулан" бархӯрд, ки дар натиҷа чор корманди ташкилоти мазкур дар ҷои ҳодиса ҷон бохтанд.
Манбаъ сабаби сар задани садамаро ноуҳдабароии ронандаи ташкилоти "Барги сабз" арзёбӣ кард.
Дар ин ҳодиса ҳамчунин як корманди дигари ин ташкилот ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳоло дар беморхонаи Дарвоз бистарӣ шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон соли 2023 519 нафар ба ҳалокат расиданд.
Дар умум садамаҳое, ки куштаю маҷруҳон барҷой гузоштаанд, беш аз 1,1 ҳазор ҳолат сабт шудааст. Шумори чунин садамаҳо 15 адад дар қиёс бо соли қаблӣ афзудаст.
Шумори маҷруҳон дар садамаҳо наздики 1,2 ҳазор нафар ҳисоб шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2022 ҳудуди 1% зиёд гардидаанд.