Сокинони Тоҷикистон қаҳрамонони олимпии худро пешвоз гирифтанд - видео

Обуна шудан
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе варзишгарони тоҷикро наздиконашон, масъулини соҳа ва ҳаводорони варзиш гарму ҷӯшон истиқбол карданд
Ҳаводорону дӯстдорони варзиши тоҷик дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастаи мунтахаби Тоҷикистонро, ки аз Бозиҳои олимпии Порис бо дастоварди олимпӣ ба Ватан баргаштанд, пешвоз гирифтанд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳазорон нафар мухлисон, бо нидоҳои "офарин-офарин" варзишгаронро пешвоз гирифтанд.
Варзишгарон зимни суханрониии кӯтоҳашон барои муҳайё кардани шароити мусоид ҷиҳати омодашавӣ ба Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ-2024, ки дар шаҳри Пориси Фаронса баргузор гардид, изҳори минатдорӣ намуда, дар назди ҳозирин ваъда доданд, ки минбаъд барои баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тамоми қувваю маҳоратро сарф намоянд.
Бо нидои офарин ва гулдастаҳо: Пешвози ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ дар Душанбе
Лаҳзаи истиқболи варзишгарон дар фурудгоҳ бо иҷрои Суруди миллӣ ба поён расид ва варзишгарон бо меҳмонону иштирокдорони маросими истиқбол ба Маҷмааи меъмории "Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон", воқеъ дар майдони "Дӯстӣ"-и шаҳри Душанбе роҳсипор шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ аз 26 июл то 11 августи соли равон дар шаҳри Пориси Фаронса баргузор гардиданд.
Дастаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Порис се медали биринҷӣ гирифт.
Раҳмон ба ҷоизадори бозиҳои олимпии Порис мукофотпулӣ, мошин, хона ва ордени Шараф дод
Ду медалро дар риштаи ҷудо Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов ба даст оварда, медали сеюмро муштзани тоҷик Давлат Болтаев соҳиб гардид.
Дар Олимпиадаи Порис Тоҷикистонро 14 варзишгар муаррифӣ кард, вале танҳо се нафари онҳо – Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов, ҳарду дар риштаи ҷудо, Давлат Болтаев дар риштаи бокс соҳиби медалҳои биринҷӣ гаштанд.
11 варзишгари дигари тоҷик бидуни медал ба Ватан баргаштанд.
Лентаи хабарҳо
0