https://sputnik.tj/20240621/hijob-idgardak-tojikiston-rasman-man-rahmon-qonun-imzo-1063286677.html
Ҳиҷобу идгардак дар Тоҷикистон расман манъ шуд: Раҳмон чанд қонунро имзо кард
Ҳиҷобу идгардак дар Тоҷикистон расман манъ шуд: Раҳмон чанд қонунро имзо кард
Sputnik Тоҷикистон
Ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон қонуни баҳсбарангези манъи воридоту фурӯшу либоси “бегона” ва идгардак дар Идҳои Рамазону Қурбонро имзо кард
2024-06-21T10:51+0500
2024-06-21T10:51+0500
2024-06-21T11:35+0500
дар тоҷикистон
ҳиҷоб
идгардак
қавонин
эмомалӣ раҳмон
ҷомеа
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/07/1063130217_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_1ba99ee6b8b943252d3737d132b1979f.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба 35 қонун, аз ҷумла қонунҳои Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон", "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак" ва ғайра имзо гузошт.Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.Ба иттилои манбаъ қонунҳои баимзорасида ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, таҳкими суботу оромии ҷомеа ва қонунияту тартибот равона шудаанд.Ҳамзамон хадамоти матбуоти раисҷумҳур дар шарҳи имзои қонунҳои танзими ҷашну маросим ва масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак қайд кардааст, ки он “ба мақсади ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон, инчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, таълиму донишомӯзӣ, тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ равона шудаанд”.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Маҷлиси миллии Тоҷикистон, палати болоии парлумон қонуни баҳсбарангези манъи фурӯшу пӯшидани либоси бегона ва идгардак барои кӯдаконро қабул карда буд.Пештар вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи 8-уми май аз тарҳи иловаҳо ба қонуни танзими ҷашну маросим пуштибонӣ карда буданд.Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, он замон сабаби манъи идгардакро “тарбияи дуруст ва таъмини амнияти онҳо дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон" номида буд.Пешниҳоди манъи либоси ба истилоҳ “бегона”, ки шарҳи ягона надорад, вале бештар пӯшиши исломиро ҳадаф гирифтааст, пас аз мулоқоти президенти Тоҷикистон бо рӯҳониён шакли қонунӣ гирифт.Бояд гуфт, ки тасмими манъи идгардак дар рӯзи идҳои мазҳабӣ ва пӯшидани либоси бегона, аз ҷумла сатру ҳиҷоб дар ҷомеа вокуниши гуногунро ба миён овард.
https://sputnik.tj/20240609/azo-majlis-millii-tojikiston-idgardak-jonibdori-1063147085.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/07/1063130217_65:0:1202:853_1920x0_80_0_0_bf45c2b4ecb5b7b621edf2ae6643aece.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, идгардак, қонун, имзо, ҷомеа, идгардак, ҳиҷоб
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, идгардак, қонун, имзо, ҷомеа, идгардак, ҳиҷоб
Ҳиҷобу идгардак дар Тоҷикистон расман манъ шуд: Раҳмон чанд қонунро имзо кард
10:51 21.06.2024 (Навсозишуда: 11:35 21.06.2024) Ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон қонуни баҳсбарангези манъи воридоту фурӯши либоси “бегона” ва идгардак дар Идҳои Рамазону Қурбонро имзо кард
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба 35 қонун, аз ҷумла қонунҳои Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон", "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак" ва ғайра имзо гузошт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ қонунҳои баимзорасида ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, таҳкими суботу оромии ҷомеа ва қонунияту тартибот равона шудаанд.
Ҳамзамон хадамоти матбуоти раисҷумҳур дар шарҳи имзои қонунҳои танзими ҷашну маросим ва масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак қайд кардааст, ки он “ба мақсади ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон, инчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, таълиму донишомӯзӣ, тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ равона шудаанд”.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Маҷлиси миллии Тоҷикистон, палати болоии парлумон қонуни баҳсбарангези манъи фурӯшу пӯшидани либоси бегона ва идгардак барои кӯдаконро қабул карда буд.
Пештар вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи 8-уми май аз тарҳи иловаҳо ба қонуни танзими ҷашну маросим пуштибонӣ карда буданд.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, он замон сабаби манъи идгардакро “тарбияи дуруст ва таъмини амнияти онҳо дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон" номида буд.
Пешниҳоди манъи либоси ба истилоҳ “бегона”, ки шарҳи ягона надорад, вале бештар пӯшиши исломиро ҳадаф гирифтааст, пас аз мулоқоти президенти Тоҷикистон бо рӯҳониён шакли қонунӣ гирифт.
Бояд гуфт, ки тасмими манъи идгардак дар рӯзи идҳои мазҳабӣ ва пӯшидани либоси бегона, аз ҷумла сатру ҳиҷоб дар ҷомеа вокуниши гуногунро ба миён овард.