https://sputnik.tj/20240813/vukh-raftani-zanon-masjidro-kase-man-nakardaast-1063920312.html
Вазорати хориҷа: Рафтани занон ба масҷидро касе манъ накардааст
Вазорати хориҷа: Рафтани занон ба масҷидро касе манъ накардааст
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи муовини вазири хориҷии Тоҷикистон масҷид нарафтни занҳо ҷанбаи динию мазҳабӣ дошта, аз лиҳози қонун дар ин самт ҳеҷ гуна маҳдудият мавҷуд нест
2024-08-13T15:21+0500
2024-08-13T15:21+0500
2024-08-13T18:13+0500
дар тоҷикистон
дин ва оин
масҷид
занон
маҳдудият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/0d/1063921208_0:317:3078:2048_1920x0_80_0_0_48d88ea970668d9e41f2d4acd3681e5a.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мавзуи “Вокуниш ба маводи иғвоангез дар ВАО” ҳамоиш доир гардид.Дар кори он муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода масъалаи маҳдудияти занҳо барои рафтани масҷидро тавзеҳ дод.Ба гуфтаи вай Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ ба мардону занон ҳуқуқҳои баробар фароҳам овардааст ва аз тарафи мақомоти ваколатдор ягон хел маҳдудият пешбинӣ нагардидааст.Вай таъкид карлд, ки масъалаи ба масҷид нарафтани занҳо танҳо ба пайравони мазҳаби ҳанафии дини ислом дахл дорад, на ин ки ба ҳамаи занҳо.“Чунки занҳои дигар, аз ҷумла пайравони равияҳои католикӣ, баптистӣ, православӣ, кришнаӣ, баҳоӣ ва монанди инҳо озодона маросимҳои динии худро дар иттиҳодияҳои динӣ адо карда истодаанд”,- қайд кард Шарифзода.Вай илова кард, ки занҳои пайравони равияи шиаи имомии исмоилии дини ислом, ки онҳо ҳам мусулмонанд, ба ҷамоатхонаҳо мераванд ва бидуни маҳдудият тоату ибодат мекунанд.
https://sputnik.tj/20240310/hazor-sokini-tojikiston-masjid-rost-1061986706.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/0d/1063921208_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_7be757d4fd7813101536055611d3c7df.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоыикистон, вух, масҷид, занон, манъ, мазҳаб, дин
тоыикистон, вух, масҷид, занон, манъ, мазҳаб, дин
Вазорати хориҷа: Рафтани занон ба масҷидро касе манъ накардааст
15:21 13.08.2024 (Навсозишуда: 18:13 13.08.2024) Ба гуфтаи муовини вазири хориҷии Тоҷикистон масҷид нарафтани занҳо ҷанбаи динию мазҳабӣ дошта, аз лиҳози қонун дар ин самт ҳеҷ гуна маҳдудият мавҷуд нест
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мавзуи “Вокуниш ба маводи иғвоангез дар ВАО” ҳамоиш доир гардид.
Дар кори он муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода масъалаи маҳдудияти занҳо барои рафтани масҷидро тавзеҳ дод.
Ба гуфтаи вай Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ ба мардону занон ҳуқуқҳои баробар фароҳам овардааст ва аз тарафи мақомоти ваколатдор ягон хел маҳдудият пешбинӣ нагардидааст.
“Масъалаи ба масҷид нарафтани занҳо ҷанбаи динию мазҳабӣ дошта, аз лиҳози қонун дар ин самт ҳеҷ гуна маҳдудият мавҷуд нест”, - гуфт ӯ.
Вай таъкид карлд, ки масъалаи ба масҷид нарафтани занҳо танҳо ба пайравони мазҳаби ҳанафии дини ислом дахл дорад, на ин ки ба ҳамаи занҳо.
“Чунки занҳои дигар, аз ҷумла пайравони равияҳои католикӣ, баптистӣ, православӣ, кришнаӣ, баҳоӣ ва монанди инҳо озодона маросимҳои динии худро дар иттиҳодияҳои динӣ адо карда истодаанд”,- қайд кард Шарифзода.
Вай илова кард, ки занҳои пайравони равияи шиаи имомии исмоилии дини ислом, ки онҳо ҳам мусулмонанд, ба ҷамоатхонаҳо мераванд ва бидуни маҳдудият тоату ибодат мекунанд.