https://sputnik.tj/20240310/hazor-sokini-tojikiston-masjid-rost-1061986706.html
Ба ҳар 2 ҳазор сокини Тоҷикистон як масҷид рост меояд
Ба ҳар 2 ҳазор сокини Тоҷикистон як масҷид рост меояд
Sputnik Тоҷикистон
Ин нишондиҳанда дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3 - 3,5 ҳазор ва дар дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон 5 - 5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
2024-03-10T12:55+0500
2024-03-10T12:55+0500
2024-03-10T12:55+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
масҷид
эмомалӣ раҳмон
кумитаи дин
озодӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/10/1057745609_0:0:3640:2048_1920x0_80_0_0_27b61fb6efb6eed6f93b58cb3784c2d6.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор иттиҳодияҳои динӣ, яъне масҷидҳоро расман ба қайд гирифтаанд, ки озодона фаъолият доранд. Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолону руҳониёни кишвар баён дошт. Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон ба 2000 нафар шаҳрванд як масҷид рост меояд, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3 - 3,5 ҳазор ва дар дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон 5 - 5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳадҲамзамон бо ин, дар кишвар як ҷамоатхонаи исмоилӣ, ду кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои исмоилӣ ва 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ фаъолияти озодона дорад, афзуд ӯ. Ба гуфтаи президент, барои шаҳрвандони мамлакат ҷиҳати амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои динӣ дар замони соҳибистиқлолӣ низ имкониятҳои зиёд муҳайё гардида, таъмини озодии виҷдон дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.Раҳмон изҳор дошт, ки тоҷикон дар ҷодаи ҳифзи мероси динӣ, ғанӣ гардонидани он ва умуман фарҳангу маорифи исломӣ дар сатҳи ҷаҳони ислом саҳми арзишманд гузоштаанд.Таъсиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Маркази исломшиносӣ дар назди президент, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, ташкили сафари дастҷамъонаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра аз ҷумлаи иқдомоти дигар дар ин самт арзёбӣ гардид.
https://sputnik.tj/20240309/ramazon-2024-taqvim-ruza-1061983699.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/10/1057745609_347:0:3078:2048_1920x0_80_0_0_fd3feccca159b9815bf008c86078142f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, ҳуқуқ, динӣ, тоҷикистон, таъмин
эмомалӣ раҳмон, ҳуқуқ, динӣ, тоҷикистон, таъмин
Ба ҳар 2 ҳазор сокини Тоҷикистон як масҷид рост меояд
Ин нишондиҳанда дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3 - 3,5 ҳазор ва дар дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон 5 - 5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор иттиҳодияҳои динӣ, яъне масҷидҳоро расман ба қайд гирифтаанд, ки озодона фаъолият доранд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолону руҳониёни кишвар баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон ба 2000 нафар шаҳрванд як масҷид рост меояд, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3 - 3,5 ҳазор ва дар дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон 5 - 5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ҳамзамон бо ин, дар кишвар як ҷамоатхонаи исмоилӣ, ду кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои исмоилӣ ва 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ фаъолияти озодона дорад, афзуд ӯ.
Ба гуфтаи президент, барои шаҳрвандони мамлакат ҷиҳати амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои динӣ дар замони соҳибистиқлолӣ низ имкониятҳои зиёд муҳайё гардида, таъмини озодии виҷдон дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.
Раҳмон изҳор дошт, ки тоҷикон дар ҷодаи ҳифзи мероси динӣ, ғанӣ гардонидани он ва умуман фарҳангу маорифи исломӣ дар сатҳи ҷаҳони ислом саҳми арзишманд гузоштаанд.
Таъсиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Маркази исломшиносӣ дар назди президент, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, ташкили сафари дастҷамъонаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра аз ҷумлаи иқдомоти дигар дар ин самт арзёбӣ гардид.