https://sputnik.tj/20231127/rusiya-tojikiston-omuzgor-kitob-mefiristad-1060620941.html
Русия ба Тоҷикистон омӯзгор ва китоб мефиристад
Русия ба Тоҷикистон омӯзгор ва китоб мефиристад
Sputnik Тоҷикистон
Русия ва Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд, ки барои ҷумҳурӣ дар заминаи марказҳо ва донишгоҳҳои муштарак омӯзгорон омода созанд
2023-11-27T15:11+0500
2023-11-27T15:11+0500
2023-11-27T15:11+0500
дар тоҷикистон
дар русия
маориф
забони русӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102509/64/1025096498_0:246:4928:3018_1920x0_80_0_0_992b2a53b6a01d0d5fb0e2193328c2dd.jpg
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Русия ба Тоҷикистон омӯзгорони фанҳои забони русӣ, биология, физика ва кимиё мефиристад. Дар ин бора вазири маорифи Русия Сергей Кравтсов хабар дод. Ғайр аз ин, вазорат ваъда медиҳад, ки ба ҷумҳурӣ китобҳои дарсии забони русӣ медихад.Вай ёдовар шуд, ки феълан дар Тоҷикистон панҷ мактаби русӣ фаъолият мекунанд, ки барои дохилшавӣ ба он ҷо рақобат зиёд - 9 нафар ба як ҷой мебошад.Вазир инчунин таъкид кард, ки Ғарб, бо вуҷуди талошҳояш наметавонанд робитаҳои Русияро дар фазои пасошӯравӣ, бахусус, бо кишварҳои Осиёи Марказӣ гусаста кунад.Ёдовар мешавем, ки моҳи октябр дар чаҳорчӯби барномаи “Устодони забони русӣ” филологҳои рус барои омӯзгорони Тоҷикистон, ки ба кӯдакони паноҳҷӯёни афғон ин забонро таълим медиҳанд, давраҳои омӯзиши забони русӣ баргузор карданд.Ҳамзамон ахиран Владимир Путин, зимни гуфтушунид бо ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки Русия барои китобҳои дарсии мактабҳои русзабони Тоҷикистон 200 млн рубл ҷудо мекунад.
https://sputnik.tj/20231117/rustami-emomali-zabon-rusi-omodagi-hamkori-rusiya-1060502190.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102509/64/1025096498_288:0:4640:3264_1920x0_80_0_0_de57365a1cb51c3eb31f645fe535f5a7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия тоҷикистон омӯзгор китоб мефиристад
русия тоҷикистон омӯзгор китоб мефиристад
Русия ба Тоҷикистон омӯзгор ва китоб мефиристад
Русия ва Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд, ки барои ҷумҳурӣ дар заминаи марказҳо ва донишгоҳҳои муштарак омӯзгорон омода созанд
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Русия ба Тоҷикистон омӯзгорони фанҳои забони русӣ, биология, физика ва кимиё мефиристад.
Дар ин бора вазири маорифи Русия Сергей Кравтсов хабар дод.
Ғайр аз ин, вазорат ваъда медиҳад, ки ба ҷумҳурӣ китобҳои дарсии забони русӣ медихад.
"Мо ба мувофиқа расидем, ки дар заминаи марказҳо ва донишгоҳҳои худ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорон тайёр мекунем", - гуфт ӯ зимни суҳбат дар телевизиони "Россия - 1".
Вай ёдовар шуд, ки феълан дар Тоҷикистон панҷ мактаби русӣ фаъолият мекунанд, ки барои дохилшавӣ ба он ҷо рақобат зиёд - 9 нафар ба як ҷой мебошад.
Вазир инчунин таъкид кард, ки Ғарб, бо вуҷуди талошҳояш наметавонанд робитаҳои Русияро дар фазои пасошӯравӣ, бахусус, бо кишварҳои Осиёи Марказӣ гусаста кунад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябр дар чаҳорчӯби барномаи “Устодони забони русӣ” филологҳои рус барои омӯзгорони Тоҷикистон, ки ба кӯдакони паноҳҷӯёни афғон ин забонро таълим медиҳанд, давраҳои омӯзиши забони русӣ баргузор карданд.
Ҳамзамон ахиран Владимир Путин, зимни гуфтушунид бо ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки Русия барои китобҳои дарсии мактабҳои русзабони Тоҷикистон 200 млн рубл ҷудо мекунад.