Вокуниши ВУХ-и Тоҷикистон дар бораи пойгоҳи махфии Чин дар ҳудуди ҷумҳурӣ

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание МИД Таджикистана в Душанбе, архивное фото
Здание МИД Таджикистана в Душанбе, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2024
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон бори дигар сару садоҳои расонаҳои Бритониёиро дар бораи бунёди пойгоҳи низомии Чин дар ҷанубу шарқи кишвар шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Созишномаҳои Тоҷикистону Чин дар бораи тамоми самтҳои ҳамкорӣ дастраси умум мебошанд.
Чунин шарҳ дод вазорати умури хориҷаи кишвар ба Sputnik Тоҷикистон сару садоҳои расонаҳои Бритониёро.

"Тамоми созишномаҳо байни Душанбе ва Пекин дар сомона нашр шудаанд ва дастраси умум мебошанд", - таъкид кардааст ВКХ.

Ёдовар мешавем, ки ахиран рӯзномаи бритониёии "Telegraph" маводеро мунташир кард, ки Чин дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии махфӣ месозад.
Нашрия ба маълумотҳои моҳвораӣ ишора карда, хабар додааст, ки пойгоҳ дар маҳалли посгоҳи собиқи шӯравӣ дар баландии қариб 4 ҳазор метр, дар наздикии рустои Шаймаки ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеъ аст. Сохтмони иншоот гӯё тақрибан 10 сол тӯл кашид.
Гуфта мешавад, ки дар пойгоҳи низомии махфӣ манораҳои мушоҳида, майдони чархбол ва даромадгоҳҳои васеъ барои таҷҳизот сохта шудаанд.
Дом народных собраний в Пекине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2024
Чин сохтмони пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистонро рад кард
Ин дар ҳолест, ки вазорати дифои Тоҷикистон изҳор доштааст, ки дар бораи маҳалли ҷойгиршавии иншоот маълумот надоранд.
Дар навбати худ вазорати хориҷаи Чин иттилоъ дар бораи бунёди иншоот дар қаламрави ВМКБ-ро рад карда, таъкид кард, ки ин кишвар дар Осиёи Марказӣ пойгоҳҳои низомӣ надорад.
Аммо дар асл сухан дар бораи иншооте меравад, ки созишномаи сохтмони он ҳанӯз соли 2021 миёни Душанбе ва Пекин ба имзо расида буд. Барои иҷрои кор қариб 100 миллион сомонӣ масраф шуд. Аммо он ҳамчун иншооти зиддитеррористӣ тарҳрезӣ шуда буд ва назорат бар пойгоҳ бояд аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ амалӣ карда шавад.
Қаблан Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфта буд, ки дар ВМКБ, дар наздикии марз бо Афғонистон як пойгоҳе мавҷуд аст, ки хусусияти низомӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, дар ин иншоот ҳамкорони чиниро қабул намоянд.
Лентаи хабарҳо
0