https://sputnik.tj/20240811/sayyohon-kadom-kishvarho-istirohat-tojikiston-meravand-1063890545.html
Сайёҳон аз кадом кишварҳо барои истироҳат ба Тоҷикистон мераванд?
Сайёҳон аз кадом кишварҳо барои истироҳат ба Тоҷикистон мераванд?
Sputnik Тоҷикистон
Дар нимсолаи аввали соли 2024 шумори сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон сафар кардаанд 19,1% афзоиш ёфтааст. Ба ҷумҳурӣ асосан шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ омадаанд
2024-08-11T18:36+0500
2024-08-11T18:36+0500
2024-08-11T18:36+0500
тасвирбаён
сайёҳӣ
гардишгарӣ
русия
идм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/09/1063873830_0:0:1332:749_1920x0_80_0_0_49d51d62d7b3517f14922f774f0f42a3.jpg
Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон аз афзоиши шумори сайёҳон ва даромади ширкатҳои сайёҳӣ хабар дод.Аксари сайёҳони хориҷие, ки ба Тоҷикистон сафар кардаанд аз Русия мебошанд.Тибқи омори расмӣ, дар шаш моҳи аввали соли 2024 теъдоди сайёҳони рус нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 дарсад афзоиш ёфтааст."Дар давоми шаш моҳи охир мо шоҳиди афзоиши бесобиқаи шумораи сайёҳон ба ҷумҳурӣ гардидем", - гуфт сардори Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод.Тибқи омори Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали соли 2024 748,3 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ вориди ҷумҳурӣ шудаанд, ки аз ин шумор 580,5 ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ ба қайд гирифта шудаанд.Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,1% зиёдтар аст.Даромади бюҷет бо назардошти пардохтҳои давлат ӣ 10% ва зиёда аз 400 млн сомонӣ даромади ширкатҳо будааст.Ба иттилои ин ниҳод, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 214 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумор 41 ширкат дар ВМКБ, 101 ширкат дар Душанбе, 46 ширкат дар вилояти Суғд, 17ширкат дар вилояти Хатлон, 9 ширкат дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ мебошанд.“Хуш омадед!” – афзоиши сайёҳу даромадҳои сайёҳӣЧанд сол аст, ки Тоҷикистон ба табдил ёфтани яке аз ҷолибтарин кишварҳои ҷаҳон барои гардишгарӣ талош дорад.Бар асоси ин, ба ширкатҳои сайёҳӣ имтиёзҳо, аз ҷумла озодшавӣ аз андоз аз даромад барои то 5 сол пешбинӣ шудааст.
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/09/1063873830_179:0:1178:749_1920x0_80_0_0_4c9bf446d560cf051a766c5bc0838102.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тасвирбаён, идм, сайёҳ, сайёҳӣ, истироҳат, хориҷӣ
тасвирбаён, идм, сайёҳ, сайёҳӣ, истироҳат, хориҷӣ
Сайёҳон аз кадом кишварҳо барои истироҳат ба Тоҷикистон мераванд?
Дар нимсолаи аввали соли 2024 шумори сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон сафар кардаанд 19,1% афзоиш ёфтааст. Ба ҷумҳурӣ асосан шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ омадаанд
Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон аз афзоиши шумори сайёҳон ва даромади ширкатҳои сайёҳӣ хабар дод.
Аксари сайёҳони хориҷие, ки ба Тоҷикистон сафар кардаанд аз Русия мебошанд.
Тибқи омори расмӣ, дар шаш моҳи аввали соли 2024 теъдоди сайёҳони рус нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 дарсад афзоиш ёфтааст.
"Дар давоми шаш моҳи охир мо шоҳиди афзоиши бесобиқаи шумораи сайёҳон ба ҷумҳурӣ гардидем", - гуфт сардори Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод.
Тибқи омори Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали соли 2024 748,3 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ вориди ҷумҳурӣ шудаанд, ки аз ин шумор 580,5 ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ ба қайд гирифта шудаанд.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,1% зиёдтар аст.
Даромади бюҷет бо назардошти пардохтҳои давлат ӣ 10% ва зиёда аз 400 млн сомонӣ даромади ширкатҳо будааст.
Ба иттилои ин ниҳод, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 214 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумор 41 ширкат дар ВМКБ, 101 ширкат дар Душанбе, 46 ширкат дар вилояти Суғд, 17ширкат дар вилояти Хатлон, 9 ширкат дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ мебошанд.
Чанд сол аст, ки Тоҷикистон ба табдил ёфтани яке аз ҷолибтарин кишварҳои ҷаҳон барои гардишгарӣ талош дорад.
Бар асоси ин, ба ширкатҳои сайёҳӣ имтиёзҳо, аз ҷумла озодшавӣ аз андоз аз даромад барои то 5 сол пешбинӣ шудааст.