Дар маросими тақдими медалҳои олимпӣ парчами Тоҷикистонро бар Таиланд омехта карданд

© AP / John LocherДавлат Болтаев завоевал бронзу по боксу на Олимпиаде 2024
Давлат Болтаев завоевал бронзу по боксу на Олимпиаде 2024 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2024
Обуна шудан
Дар лаҳзаи муҳимтарин дар маросими супурдани медалҳои олимпӣ тамошобинон ба ҷои парчами Тоҷикистон рамзи Тайландро диданд
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Созмондиҳандагони Олимпиадаи Париж парчамҳои Тоҷикистон ва Тайландро омехта карданд.
Ҳодиса ҳангоми супурдани ҷоиза ба ғолибони мусобиқаи бокс дар вазни то 92 кило рух додааст.
Медалҳои биринҷӣ дар ин риштаро муштзани тоҷик Давлат Болтаев ва намояндаи тими миллии Испания Эммануэл Рейес ба даст оварданд.
Аммо дар ҳалкунандатарин лаҳзаи маросими ҷоизасупорӣ тамошобинон ба ҷои парчами Тоҷикистон рамзи Тайландро диданд.
Қаҳрамони олимпӣ дар ин намуд намояндаи Узбекистон Лазизбек Муллоҷонов ва Лорен Алфонсо аз Озарбойчон ҷои дуюмро гирифтанд.
Давлат Болтаев дар даври 1/8 финал бар Георгий Кушиташвили аз Гурҷистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.
Баъдан дар чорякфинал варзишгари 25-солаи тоҷик бар Ҷек Марли 21-сола аз Ирландия пирӯз шуд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 4:1 анҷом ёфт. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ аз варзишкори узбак шикаст хӯрд ва биринҷии мусобиқаро соҳиб гардид.
Дар Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Порис Тоҷикистонро 14 варзишгар дар 6 риштаи варзиш, аз ҷумла куштӣ, бокс, таэквондо, куштии озод, шиноварӣ ва варзиши сабук намояндагӣ мекунанд.
Хонаю то 20 ҳазор доллар: Тоҷикистон ҷоизадорони Бозиҳои олимпиро чигуна қадрдонӣ мекунад?
Ёдовар мешавем, ки ғолибон ва барандагони Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 бо Ҷоизаи раисиҷумҳури Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.
Ба ин тартиб, барандагони ҷои аввал 300 ҳазор сомонӣ, ҷои дуюм 250 ҳазор ва барандаи медали биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ хоҳанд шуд.
Ҳамчунин, ба варзишгарони ҷоиза аз номи раиси шаҳри Душанбе калиди манзилҳои 3, 2 ва 1 ҳуҷрагӣ дар пойтахти кишвар супорида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0