https://sputnik.tj/20240802/khonau-tojikiston-joizadoron-boziho-olimpi-chiguna-qadrdoni-1063775055.html
Хонаю то 20 ҳазор доллар: Тоҷикистон ҷоизадорони Бозиҳои олимпиро чигуна қадрдонӣ мекунад?
Хонаю то 20 ҳазор доллар: Тоҷикистон ҷоизадорони Бозиҳои олимпиро чигуна қадрдонӣ мекунад?
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону ташаббускорони ватанӣ тасмим гирифтаанд, ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ дар Порис мукофотпулӣ диҳанд
2024-08-02T12:52+0500
2024-08-02T12:52+0500
2024-08-02T13:34+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
қадрдонӣ
мукофотпулӣ
варзишгар
соҳибкор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/1f/1063743332_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_aeaddf1ea073713b6be9b95ec37caa79.jpg
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Порис — 2024 аз 10 то 20 ҳазор доллар мукофотпулӣ медиҳад.Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ хабар доданд.Қайд карда шудааст, ки ғолиби ҷойи аввал бо 20 ҳазор доллар, ғолиби зинаи дуюм бо 15 ҳазор ва ғолиби мақоми сеюм бо 10 ҳазор доллар мукофотпулӣ ҳавасманд карда мешаванд.Кумита таъкид кардааст, ки ин иқдом ба боз ҳам баланд бардоштани руҳияи варзишгарони мамлакат мусоидат карда, барои расидан ба ҳадафу мақсадҳои гузоштаи онҳо замина мегузорад.Ҳамзамон ёдовар мешавем, ки ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои тобистонаи олимпии Порис бо Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон, аз ҷумла ғолиби ҷойи якум бо 300 ҳазор сомонӣ, ғолиби мақоми дуюм бо 250 ҳазор сомонӣ ва ғолиби зинаи сеюм бо 200 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.Илова бар ин нафароне, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор мегарданд, аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо хонаҳои истиқоматии 3, 2 ва 1-ҳуҷрагӣ қадршиносӣ мегарданд.
https://sputnik.tj/20240731/avvalin-medali-olimpii-tojikiston-poris-somon-mahmadbekov-medali-birinji-1063743097.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/1f/1063743332_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_59d5c6c65539f9034f208250bab30b5f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҷоизадорон, қадрдонӣ, бозиҳои олимпӣ, варзиш, соҳибкорон
тоҷикистон, ҷоизадорон, қадрдонӣ, бозиҳои олимпӣ, варзиш, соҳибкорон
Хонаю то 20 ҳазор доллар: Тоҷикистон ҷоизадорони Бозиҳои олимпиро чигуна қадрдонӣ мекунад?
12:52 02.08.2024 (Навсозишуда: 13:34 02.08.2024) Мақомот дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону ташаббускорони ватанӣ тасмим гирифтаанд, ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ дар Порис мукофотпулӣ диҳанд
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Порис — 2024 аз 10 то 20 ҳазор доллар мукофотпулӣ медиҳад.
Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ хабар доданд.
“Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону ташаббускорони ватанӣ тасмим гирифтааст, ки ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои тобистонаи олимпии Порис 2024 - ро бо мукофотпулӣ қадршиносӣ намояд”,- таъкид кардааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки ғолиби ҷойи аввал бо 20 ҳазор доллар, ғолиби зинаи дуюм бо 15 ҳазор ва ғолиби мақоми сеюм бо 10 ҳазор доллар мукофотпулӣ ҳавасманд карда мешаванд.
Кумита таъкид кардааст, ки ин иқдом ба боз ҳам баланд бардоштани руҳияи варзишгарони мамлакат мусоидат карда, барои расидан ба ҳадафу мақсадҳои гузоштаи онҳо замина мегузорад.
Ҳамзамон ёдовар мешавем, ки ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои тобистонаи олимпии Порис бо Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон, аз ҷумла ғолиби ҷойи якум бо 300 ҳазор сомонӣ, ғолиби мақоми дуюм бо 250 ҳазор сомонӣ ва ғолиби зинаи сеюм бо 200 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.
Илова бар ин нафароне, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор мегарданд, аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо хонаҳои истиқоматии 3, 2 ва 1-ҳуҷрагӣ қадршиносӣ мегарданд.