Дар Остона сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 8 санади нав ба имзо расонданд

© Foto / Пресс-служба президента УзбекистанаШестая Консультативная встреча глав государств Центральной Азии
Шестая Консультативная встреча глав государств Центральной Азии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2024
Обуна шудан
Дар анҷоми вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Остонаи Қазоқистон баргузор шуд чанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Аз ҷумла сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ:
Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз рӯйи натиҷаҳои Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ;
Консепсияи рушди ҳамкории минтақавии "Осиёи Марказӣ-2040";
Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ барои солҳои 2025-2027;
Қарори Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ "Дар бораи мукофотонидани Мирзиёев Ш.М., Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо "Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ";
Нақшаи ҳамкории саноатии давлатҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2025-2027;
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди марказҳои нақлиётию логистикӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ;
Баёнияи Остонаи Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ;
Баёния аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрии якуми вазирони энергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ.
Дар нишасти мазкур Сарони давлатҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкории кишварҳои минтақаро баррасӣ намуданд.
Второе совещание министров транспорта Центральной Азии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2024
Тоҷикистон аз рушд ва ҳамгироии марказҳои логистикӣ дар Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ кард
Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ба масъалаҳои ҳамкорӣ баҳри густариши минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таҳияи барномаҳои алоҳидаи соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, амалисозии лоиҳаҳои бузурги нақлиётӣ, инфрасохтор ва логистикӣ, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, рушди соҳаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ҷалб кард.
Президенти Тоҷикистон иброз дошт, ки дар шароити кунунии тағйироти босуръати ҷаҳон зарурати ташаккули дидгоҳи ягонаи ояндаи Осиёи Марказӣ ба миён омадааст.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки дар вохӯриҳои машваратии гузашта зиёда аз сад пешниҳод ва ташаббус ба миён гузошта шуд, ки мавриди баррасӣ қарор дошта, хусусияти дарозмуддат доранд.
“Татбиқи ҳар яки он иқтидори рушди муштаракро зиёд мекунад”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки дар давоми панҷ соли охир гардиши мол дар минтақа беш аз ҳаштод дарсад афзоиш ёфта, аз 10 млрд доллар боло рафт.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар сурати истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, гардиши мол дар минтақа метавонад дар ояндаи наздик ба 20 млрд доллар расад.
Аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, ки нахустин вохӯрии вазирони саноати кишварҳои Осиёи Марказӣ соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.
Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2024
Раҳмон ба Остона рафт
Дар доираи вохӯриҳои машваратӣ ҳар сол баргузор намудани намоишгоҳҳои – “Экспо-Осиёи Марказӣ” низ муфид арзёбӣ гардид.
Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорати электронӣ, технологияҳои рақамӣ ва энергетика, бахусус энергетикаи “сабз” заминаи калидии рушди иқтисоди “сабз” дар минтақа номиданд.
Дар пасманзари афзоиши хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ раҳбари Тоҷикистон пешниҳод кард, ки шаклҳои нави самараноки ҳамкорӣ дар соҳаи амният тарҳрезӣ гардад.
Лентаи хабарҳо
0