Раҳмон ба Остона рафт

Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба пойтахти Қазоқистон сафар кард
ДУШАНБЕ, 8 август — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Раҳмон ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳури кишвар ба пойтахти Қазоқистон ба хотири иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳамоиши якуми сарони давлатҳои Муколамаи “Осиёи Марказӣ ва Ҷопон” сафар кард.
Қайд карда шудааст, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Сарвазири Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Эмомали Рахмон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2024
Раҳмон ба раисон занг заду барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ муҳлат дод
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ соли гузашта дар шаҳри душанбе баргузор шуда буд.
Дар он роҳбарони Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок доштанд.
Лентаи хабарҳо
0