https://sputnik.tj/20240809/duzdii-vazorati-difoi-tojikiston-sharhi-ojonsi-1063872865.html
Дуздии беш аз 120 млн сомонӣ дар вазорати дифои Тоҷикистон: шарҳи Оҷонсӣ
Дуздии беш аз 120 млн сомонӣ дар вазорати дифои Тоҷикистон: шарҳи Оҷонсӣ
Sputnik Тоҷикистон
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз тасарруфи беш аз 120 млн сомонӣ дар сохторҳои Вазорати дифоъ хабар дод
2024-08-09T16:46+0500
2024-08-09T16:46+0500
2024-08-09T19:27+0500
дар тоҷикистон
вазорати дифоъи тоҷикистон
коррупсия
дуздӣ
оҷонсии мубориза зидди коррупсия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101380/17/1013801773_0:432:4608:3024_1920x0_80_0_0_8b6caecc0f28e542fb71543f177bdd97.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Барои тасарруфи беш аз 120 млн сомонӣ дар вазорати дифои Тоҷикистон 52 нафар боздошт шудаанд. Боздоштшудаҳо кормандони вазорати дифоъ ва дигар идораҳои муҳими давлатӣ мебошанд.Дар ин бора зимни нишасти мутбуотӣ Насриддин Низомзода, сардори раёсати тафтишоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод.Ба гуфтаи вай, пулҳое, ки бояд барои либосу хӯроку нигоҳубини сарбозон ва барои муҳофизати амнияти кишвар масраф мешуд, бо мусоидати чанд нафар аз масъулон тасарруф шудааст.Вобаста ба тасарруфи пули давлат дар сохторҳои Вазорати дифоъ, нисбат ба 52 нафар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.Парвандаҳо ҳоло ба додгоҳ ирсол шудааст ва тафтиши пешакии қисме аз парвандаҳо идома дорад.Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, 52 нафаре, ки барои дуздии маблағ нисбаташон парванда боз шудааст, ғайр аз масъулони Вазорати дифоъ, ҳамчунин аз дигар идораҳо низ, аз қабили Палатаи ҳисоб ва Вазорати молия низ мебошанд.Ба иттилои Оҷонсӣ ин ниҳод 1267 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва дигар ҷиноятҳои ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобастабударо нисбати 694 нафар ошкор намуда, тафтиши пешакии 381 парвандаи ҷиноятиро нисбати 460 нафар ба итмом расонида, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба судҳо ирсол намудаанд.
https://sputnik.tj/20240219/pora-parvanda-zindoni-raisi-sud-nohiyai-jabbor-rasulov-1061759377.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101380/17/1013801773_0:0:4608:3456_1920x0_80_0_0_eaa1b6f33ee38b9eb0f6aaae20961a4e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вазорати дифоъ, дуздӣ, коррупсимя, тасорруф, маблағ
тоҷикистон, вазорати дифоъ, дуздӣ, коррупсимя, тасорруф, маблағ
Дуздии беш аз 120 млн сомонӣ дар вазорати дифои Тоҷикистон: шарҳи Оҷонсӣ
16:46 09.08.2024 (Навсозишуда: 19:27 09.08.2024) Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз тасарруфи беш аз 120 млн сомонӣ дар сохторҳои Вазорати дифоъ хабар дод
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Барои тасарруфи беш аз 120 млн сомонӣ дар вазорати дифои Тоҷикистон 52 нафар боздошт шудаанд. Боздоштшудаҳо кормандони вазорати дифоъ ва дигар идораҳои муҳими давлатӣ мебошанд.
Дар ин бора зимни нишасти мутбуотӣ Насриддин Низомзода, сардори раёсати тафтишоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод.
Ба гуфтаи вай, пулҳое, ки бояд барои либосу хӯроку нигоҳубини сарбозон ва барои муҳофизати амнияти кишвар масраф мешуд, бо мусоидати чанд нафар аз масъулон тасарруф шудааст.
"Дар натиҷаи тафтиши ниҳоии фаъолияти молиявӣ дар воҳидҳои сохтории Вазорати дифои Тоҷикистон дар маҷмӯъ 123 млну 972 ҳазор сомонӣ тасарруфи маблағҳо ошкор карда шуд ва то имрӯз 9 парвандаи ҷиноятӣ қисм-қисм ба Суди олӣ ирсол гардид", - гуфт ӯ.
Вобаста ба тасарруфи пули давлат дар сохторҳои Вазорати дифоъ, нисбат ба 52 нафар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Парвандаҳо ҳоло ба додгоҳ ирсол шудааст ва тафтиши пешакии қисме аз парвандаҳо идома дорад.
"Аз маблағи беш аз 123 млн сомонӣ то ҳол 93 млн сомонияш ба будҷаи давлатӣ ворид карда шудааст"- қайд кард Низомзода.
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, 52 нафаре, ки барои дуздии маблағ нисбаташон парванда боз шудааст, ғайр аз масъулони Вазорати дифоъ, ҳамчунин аз дигар идораҳо низ, аз қабили Палатаи ҳисоб ва Вазорати молия низ мебошанд.
Ба иттилои Оҷонсӣ ин ниҳод 1267 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва дигар ҷиноятҳои ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобастабударо нисбати 694 нафар ошкор намуда, тафтиши пешакии 381 парвандаи ҷиноятиро нисбати 460 нафар ба итмом расонида, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба судҳо ирсол намудаанд.