https://sputnik.tj/20240219/pora-parvanda-zindoni-raisi-sud-nohiyai-jabbor-rasulov-1061759377.html
$20 ҳазор пора гирифт: Шарҳи парванда ва зиндонӣ шудани раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов
$20 ҳазор пора гирифт: Шарҳи парванда ва зиндонӣ шудани раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов
Sputnik Тоҷикистон
Маълум шуд, ки алайҳи раиси суд дар ноҳияи Ҷаббор Раслуови вилояти Суғд бо кадом иттиҳом парванда боз ва барои чанд сол равонаи зиндон шуд
2024-02-19T14:53+0500
2024-02-19T14:53+0500
2024-02-19T15:03+0500
дар тоҷикистон
зиндон
парванда
суғд
судяҳо
ҷаббор расулов
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
пора
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102467/68/1024676856_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_e61945f6ce39c3f9554f0b84614eff3b.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Сафар Салимзода, директори Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд дар посух ба суоли рӯзноманигорон ҳолати даст задани Садриддинзода Насрулло, раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба гирифтани пора шарҳ дод.Бино ба иттилоъи манбаъ, собиқ раиси суд барои таъйин намудани ҷазо нисбати ду сокини ин ноҳия аз онҳо ба сифати пора маблағи калон гирифтааст.“Парвандаи ҷиноятӣ нисбати шаҳрвандон бо моддаҳои 289 қисми 2 ва 340 қисми 2 бандҳои “б, в” КҶ Тоҷикистон дар пешбурдаш қарор дошт, вале барои таъин кардани ҷазои ё ҷарима аз судшавандаҳо ба сифати пора пешакӣ 20 ҳазор доллар гирифта, оварда додани боқимонда 3 ҳазори дигарро талаб намудааст” - гуфт, Салимзода.Мақомот гуфтанд, ки оиди ошкор шудани ин ҳолат аз тарафи Прокурори генералии Тоҷикистон нисбати раиси суд парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо фикри айбдоркунӣ ба суди Олӣ ирсол гардида бо ҳукми суд нисбати номбурда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол таъйин карда шудааст.Ахиран фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон оиди барканор намудани Садриддинзода Насрулло аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ва Қодирзода Зафар аз вазифаи судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон содир шуд. Дар шарҳи ин ин фармонҳои раисиҷумҳур гуфта мешуд, ки бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судро паст задаанд.Дар вилояти Суғд давоми як соли охир 419 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта нисбати 216 нафар ба қайд гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20231016/prezident-tojikiston-sudya-sughd-vazifa-1059976698.html
суғд
ҷаббор расулов
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102467/68/1024676856_228:0:2048:1365_1920x0_80_0_0_e13a5fd6f172c383ae2ccbd88908c0a4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, парванда, суд, судя, пора, зиндонӣ, ҷ. расулов, суғд, зиндон
тоҷикистон, парванда, суд, судя, пора, зиндонӣ, ҷ. расулов, суғд, зиндон
$20 ҳазор пора гирифт: Шарҳи парванда ва зиндонӣ шудани раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов
14:53 19.02.2024 (Навсозишуда: 15:03 19.02.2024) Маълум шуд, ки алайҳи раиси суд дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо кадом иттиҳом парванда боз ва барои чанд сол равонаи зиндон шуд
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Сафар Салимзода, директори Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд дар посух ба суоли рӯзноманигорон ҳолати даст задани Садриддинзода Насрулло, раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба гирифтани пора шарҳ дод.
Бино ба иттилоъи манбаъ, собиқ раиси суд барои таъйин намудани ҷазо нисбати ду сокини ин ноҳия аз онҳо ба сифати пора маблағи калон гирифтааст.
“Парвандаи ҷиноятӣ нисбати шаҳрвандон бо моддаҳои 289 қисми 2 ва 340 қисми 2 бандҳои “б, в” КҶ Тоҷикистон дар пешбурдаш қарор дошт, вале барои таъин кардани ҷазои ё ҷарима аз судшавандаҳо ба сифати пора пешакӣ 20 ҳазор доллар гирифта, оварда додани боқимонда 3 ҳазори дигарро талаб намудааст” - гуфт, Салимзода.
Мақомот гуфтанд, ки оиди ошкор шудани ин ҳолат аз тарафи Прокурори генералии Тоҷикистон нисбати раиси суд парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо фикри айбдоркунӣ ба суди Олӣ ирсол гардида бо ҳукми суд нисбати номбурда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол таъйин карда шудааст.
Ахиран фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон оиди барканор намудани Садриддинзода Насрулло аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ва Қодирзода Зафар аз вазифаи судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон содир шуд.
Дар шарҳи ин ин фармонҳои раисиҷумҳур гуфта мешуд, ки бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судро паст задаанд.
Дар вилояти Суғд давоми як соли охир 419 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта нисбати 216 нафар ба қайд гирифта шудааст.