https://sputnik.tj/20240808/tojiksodirotbonk-agroinvestbonk-mushtariyon-1063849057.html
“Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” беш аз 400 млн сомонии муштариёнро баргардондаанд
“Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” беш аз 400 млн сомонии муштариёнро баргардондаанд
Sputnik Тоҷикистон
“Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” ду дар се соли охир бештар аз 400 млн сомонӣ маблағи муштариёнашонро пардохт кардаанд
2024-08-08T10:41+0500
2024-08-08T10:41+0500
2024-08-08T12:02+0500
дар тоҷикистон
тоҷиксодиротбонк
агроинвестбонк
бонк
қарзҳо
маблағ
бонки миллӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101767/51/1017675118_0:84:1601:984_1920x0_80_0_0_842668e2ceec256ea4d4954629bc9103.jpg
ДУШАНБЕ, 8 август — Sputnik. Ду бонки муфлисшудаи Тоҷикистон “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” дар се соли охир - аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2024 каме бештар аз 400 млн сомонӣ маблағи муштариёнашонро пардохт кардаанд.Дар ин бора Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.Ин дар ҳолест, ки Фирдавс Толибзода зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки маблағи муштариёни “Тоҷпромбонк”, бонки дигари муфлисшуда 30 млн сомонӣ боқӣ мондааст.Оқои Толибзода қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир корҳо барои баргардонии қарзҳои бонк, аз ҷумла ба шахсони воқеӣ тибқи тартиби муаяншуда идома дорад.Қаблан масъулини Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода буданд, ки бақияи уҳдадориҳои умумии “Агроинвестбонк” 1,6 млрд сомони ва бақияи қарзҳои “Тоҷиксодиротбонк” 1,2 млрд сомониро ташкил медиҳад.Маврид ба зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаҳои ду бонки бузург - "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" моҳи майи соли 2021 бозхонд карда буд. Гарчанде давлат барои ин ду бонк маблағ ҷудо намуда буд, аммо вазъи молияшон беҳбуд наёфта буд.Аз ҷумла ҳукумат моҳи декабри соли 2016 барои сармоякунонии ин ду бонки мушкилдор, ҳудуди 3,3 млрд сомонӣ - ба андозаи 2,25 млрд сомонӣ барои "Тоҷиксодиротбонк" ва беш аз 1 млрд сомонӣ барои "Агроинвестбонк" равона карда буд.Дар пайи бозхонди иҷозатномаҳои ин бонк ҳукумат қарор карда буд, ки пули давлат тавассути ба тавозуни давлат қабул кардани дороиҳо ва молу мулки ҷамъиятҳои саҳомии "Тоҷиксодиротбонк"-у "Агроинвестбонк” ва фурӯши онҳо анҷом дода шавад.Таъкид шуда буд, ки бо мақсади таъмини уҳдадориҳо аз рӯи коғазҳои қиматноки давлатӣ, дороиҳои ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" ва ҶСК "Агроинвестбонк" тибқи рӯйхат ба Вазорати молия ҳамчун амволи гарав пешниҳод карда шуда буданд.
https://sputnik.tj/20220801/savdo-amvol-tojiksodirotbonk-agroinvestbonk-1050407251.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101767/51/1017675118_88:0:1511:1067_1920x0_80_0_0_1038719132550955dd7c1f6272b0a45f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷиксодиротбонк, агроинвестбонк, сомонӣ, муштариёённ, маблағ, баргардондан, пардох, бонк, бонкдорӣ, иқтисод
тоҷиксодиротбонк, агроинвестбонк, сомонӣ, муштариёённ, маблағ, баргардондан, пардох, бонк, бонкдорӣ, иқтисод
“Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” беш аз 400 млн сомонии муштариёнро баргардондаанд
10:41 08.08.2024 (Навсозишуда: 12:02 08.08.2024) “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” ду дар се соли охир бештар аз 400 млн сомонӣ маблағи муштариёнашонро пардохт кардаанд
ДУШАНБЕ, 8 август — Sputnik. Ду бонки муфлисшудаи Тоҷикистон “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” дар се соли охир - аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2024 каме бештар аз 400 млн сомонӣ маблағи муштариёнашонро пардохт кардаанд.
Дар ин бора Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
“Дар ин давра “Агроинвестбонк” 195 млн сомонӣ ва “Тоҷиксодиротбонк” 212 млн сомонӣ маблағи муштариёнро баргардонидаанд”, - гуфт раиси БМТ.
Ин дар ҳолест, ки Фирдавс Толибзода зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки маблағи муштариёни “Тоҷпромбонк”, бонки дигари муфлисшуда 30 млн сомонӣ боқӣ мондааст.
Оқои Толибзода қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир корҳо барои баргардонии қарзҳои бонк, аз ҷумла ба шахсони воқеӣ тибқи тартиби муаяншуда идома дорад.
Қаблан масъулини Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода буданд, ки бақияи уҳдадориҳои умумии “Агроинвестбонк” 1,6 млрд сомони ва бақияи қарзҳои “Тоҷиксодиротбонк” 1,2 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаҳои ду бонки бузург - "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" моҳи майи соли 2021 бозхонд карда буд. Гарчанде давлат барои ин ду бонк маблағ ҷудо намуда буд, аммо вазъи молияшон беҳбуд наёфта буд.
Аз ҷумла ҳукумат моҳи декабри соли 2016 барои сармоякунонии ин ду бонки мушкилдор, ҳудуди 3,3 млрд сомонӣ - ба андозаи 2,25 млрд сомонӣ барои "Тоҷиксодиротбонк" ва беш аз 1 млрд сомонӣ барои "Агроинвестбонк" равона карда буд.
Дар пайи бозхонди иҷозатномаҳои ин бонк ҳукумат қарор карда буд, ки пули давлат тавассути ба тавозуни давлат қабул кардани дороиҳо ва молу мулки ҷамъиятҳои саҳомии "Тоҷиксодиротбонк"-у "Агроинвестбонк” ва фурӯши онҳо анҷом дода шавад.
Таъкид шуда буд, ки бо мақсади таъмини уҳдадориҳо аз рӯи коғазҳои қиматноки давлатӣ, дороиҳои ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" ва ҶСК "Агроинвестбонк" тибқи рӯйхат ба Вазорати молия ҳамчун амволи гарав пешниҳод карда шуда буданд.