https://sputnik.tj/20240510/muqovimat-terrorizm-hududi-avruosiyo-barrasi-1062811669.html
Баррасии мубориза бо терроризм дар АвруОсиё бо иштироки масъулини тоҷику русиягӣ
Баррасии мубориза бо терроризм дар АвруОсиё бо иштироки масъулини тоҷику русиягӣ
Sputnik Тоҷикистон
Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҳамоиши байналмилалии амниятӣ гардид, ки дар он коршиносони дохилию хориҷӣ, аз ҷумла аз Русия ҳузурию маҷозӣ иштирок доштанд
2024-05-10T17:39+0500
2024-05-10T17:39+0500
2024-05-10T17:40+0500
дар тоҷикистон
авруосиё
иттиҳоди иқтисодии уросиё
амният ва мудофиа
рамазон раҳимзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103074/25/1030742563_0:211:3000:1899_1920x0_80_0_0_bb3f0e0a53eb666aa75388b111365823.jpg
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ дар фазои Авруосиё - мавзӯи конфронси байналмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон шуд. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамоиш дар Академияи ВКД бахшида ба эълон гардидани соли 2024 – ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" сурат гирифт. Роҳҳои муқовимат бар зидди ҷиноятҳои муосир, доир ба пешгирии ҷинояткорӣ ва муқовимат ба терроризму экстремизм мавзӯи меҳварии иштирокдорони ҳамоиш арзёбӣ шуд. Тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт аз пешниҳодот ин ҳамоиш буд. Дар конфронс вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, ёвари президенти Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқӣ Зариф Ализода, президенти ташкилоти байналмилалии "Иттифоқи криминалистон ва криминологҳо" аз шаҳри Маскав Николай Бодров иштирок кард. Ахиран роҳбарони Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин муқовимати муштарак ба хатару таҳдидҳо дар соҳаи амният, бахусус терроризм, ифротгароӣ, тундгароии динӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ баррасӣ карда, ҳостори таҳкими ҳамкориҳои мақомоти ду кишвар дар ин бахш шуданд.
https://sputnik.tj/20240509/rahmon-mardum-tojikiston-hamla-terroristi-krokus-mahkum-1062807825.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103074/25/1030742563_167:0:2834:2000_1920x0_80_0_0_4700378e6e20017ad59858a7f033b455.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мубориза, баҳс, терроризм, душанбе, маскав, ҳамоиш, байналмилалӣ
мубориза, баҳс, терроризм, душанбе, маскав, ҳамоиш, байналмилалӣ
Баррасии мубориза бо терроризм дар АвруОсиё бо иштироки масъулини тоҷику русиягӣ
17:39 10.05.2024 (Навсозишуда: 17:40 10.05.2024) Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҳамоиши байналмилалии амниятӣ гардид, ки дар он коршиносони дохилию хориҷӣ, аз ҷумла аз Русия ҳузурию маҷозӣ иштирок доштанд
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ дар фазои Авруосиё - мавзӯи конфронси байналмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон шуд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамоиш дар Академияи ВКД бахшида ба эълон гардидани соли 2024 – ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" сурат гирифт.
Роҳҳои муқовимат бар зидди ҷиноятҳои муосир, доир ба пешгирии ҷинояткорӣ ва муқовимат ба терроризму экстремизм мавзӯи меҳварии иштирокдорони ҳамоиш арзёбӣ шуд.
Тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт аз пешниҳодот ин ҳамоиш буд.
Дар конфронс вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, ёвари президенти Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқӣ Зариф Ализода, президенти ташкилоти байналмилалии "Иттифоқи криминалистон ва криминологҳо" аз шаҳри Маскав Николай Бодров иштирок кард.
Ахиран роҳбарони Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин муқовимати муштарак ба хатару таҳдидҳо дар соҳаи амният, бахусус терроризм, ифротгароӣ, тундгароии динӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ баррасӣ карда, ҳостори таҳкими ҳамкориҳои мақомоти ду кишвар дар ин бахш шуданд.