https://sputnik.tj/20240807/sabti-besh-hazor-korju-tojikiston-1063831277.html
Сабти беш аз 60 ҳазор корҷӯ дар Тоҷикистон
Сабти беш аз 60 ҳазор корҷӯ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд дар шаш моҳи соли равон ба ин ниҳод наздик ба 80 ҳазор барои дарёфти кор муроҷиат кардаанд
2024-08-07T10:41+0500
2024-08-07T10:41+0500
2024-08-07T11:23+0500
дар тоҷикистон
шуғл
вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии тоҷикистон
корҷӯӣ
кор
дархост
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/1b/1032356802_0:337:2899:1968_1920x0_80_0_0_a43a2dfb38317c67d47d95f6f216f5cd.jpg
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 79223 нафар шаҳрванд муроҷиат намуд, ки аз ин шумора 60568 нафар ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда.Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода хабар додааст.Ба иттилои вазир, ба беш аз 34 ҳазор нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд.Қайд карда шудааст, ки дар ин давра тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ наздик ба 41 ҳазор нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд.Ҳамчунин ин ниҳод қайд кардааст, ки дар ин давра ба 8820 нафар кумакпулӣ барои давраи бекорӣ таъин ва пардохт гардидааст.Мақомоти бо мақсади мусоидат намудан ба шаҳрвандон барои дарёфти ҷойи кор 483 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузарониданд, ки дар он 12756 нафар шаҳрванди бекор ва корҷӯён ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шудаанд.Дар ҳамин ҳол, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар қайд кардааст, ки ба ҳолати 1 июни соли 2024 музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии меҳнат, ки ба кормандони кироякор пардохт шудааст 2148,98 сомониро ташкил медиҳад.Ба иттилои вазорат ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 (1907,12 сомонӣ буд) 241,98 сомонӣ ё 12,7 фоиз ва нисбат ба аввали соли 2024 (2013,11 сомонӣ) ба андозаи 135,86 сомонӣ ё 6,7 фоиз зиёд мебошад.
https://sputnik.tj/20231023/khatlon-mizon-bekor-kohish-1060089102.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/1b/1032356802_181:0:2912:2048_1920x0_80_0_0_6535db5200bb320d1b42fcc8ce9d817e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, корҷӯ, шуғл, дарёфти кор, вазорати меҳнат, сабт
тоҷикистон, корҷӯ, шуғл, дарёфти кор, вазорати меҳнат, сабт
Сабти беш аз 60 ҳазор корҷӯ дар Тоҷикистон
10:41 07.08.2024 (Навсозишуда: 11:23 07.08.2024) Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи соли равон ба ин ниҳод наздик ба 80 ҳазор барои дарёфти кор муроҷиат кардаанд
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 79223 нафар шаҳрванд муроҷиат намуд, ки аз ин шумора 60568 нафар ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода хабар додааст.
Ба иттилои вазир, ба беш аз 34 ҳазор нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд.
Қайд карда шудааст, ки дар ин давра тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ наздик ба 41 ҳазор нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд.
Ҳамчунин ин ниҳод қайд кардааст, ки дар ин давра ба 8820 нафар кумакпулӣ барои давраи бекорӣ таъин ва пардохт гардидааст.
Мақомоти бо мақсади мусоидат намудан ба шаҳрвандон барои дарёфти ҷойи кор 483 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузарониданд, ки дар он 12756 нафар шаҳрванди бекор ва корҷӯён ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шудаанд.
“Аз ҷумла, тавассути ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳо 6587 нафар корҷӯ соҳиби ҷойи кор гардида, ба 4812 нафар роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуд ва 1357 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардидаанд”, - гуфт хонум Ҳасанзода.
Дар ҳамин ҳол, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар қайд кардааст, ки ба ҳолати 1 июни соли 2024 музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии меҳнат, ки ба кормандони кироякор пардохт шудааст 2148,98 сомониро ташкил медиҳад.
Ба иттилои вазорат ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 (1907,12 сомонӣ буд) 241,98 сомонӣ ё 12,7 фоиз ва нисбат ба аввали соли 2024 (2013,11 сомонӣ) ба андозаи 135,86 сомонӣ ё 6,7 фоиз зиёд мебошад.