Таваррум поину рушди воқеӣ боло: ММД-и Тоҷикистон афзудааст

© Depositphotos.com \ Andrey PopovМонеты в виде графика роста
Монеты в виде графика роста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2024
Обуна шудан
Зарфи ним сол дар кишвар 251 корхонаи нави саноатӣ бо 1714 ҷойи нави корӣ вориди амал шудааст, ки дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мусоидат кардааст
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Дар шаш моҳи аввали соли 2024 Маҷмуи маҳсулоти дохилии (ММД) кишвар ба 61,7 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он ба 8,2 фоиз баробар гардид.
Дар ин бора муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ашурбой Солеҳзода зимни нишасти хабарии ин ниҳод изҳор дошт.
Ба гуфтаи Солеҳзода, суръати рушди иқтисоди миллӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 11,5%, кишоварзӣ 9,6%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 15,7%, гардиши савдо 11,9%, боркашонӣ 13,8% ва мусофиркашонӣ 9% таъмин гардид.
Лук в логистическом центре Джаббор Расуловского района Согда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2024
“Шарики асосӣ”: содироти тавлидоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия
Ба иттилои манбаъ сатҳи таваррум, дар давраи ҳисоботӣ 1,9 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4 банди фоизӣ кам мебошад.
Ӯ гуфт, ки дар ин давра таваррум асосан аз ҳисоби 1,3 фоиз болоравии нархҳои маҳсулоти озуқа, 1,6% молҳои ғайриозуқа ва 4% арзиши тарофаҳои хизматрасонӣ ташаккул ёфтааст.
Муовини вазири молия гуфт, ки дар кишвар 251 корхонаи нави саноатӣ бо 1714 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шуд, ки ин барои то 22,6 млрд сомонӣ расонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мусоидат кард.
Ҳаҷми гардиши савдо дар кишвар тайи ним сол ба 29 млрду 492,4 млн сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 11,9% зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0