https://sputnik.tj/20240805/rusho-istirohat-tojikiston-intikhob-omor-1063809125.html
Русҳо барои истироҳат Тоҷикистонро бештар интихоб кардаанд: омор
Русҳо барои истироҳат Тоҷикистонро бештар интихоб кардаанд: омор
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи иттилои ин кумита, танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ гардиши сайёҳон ба Тоҷикистон 19,1% афзоиш ёфта, бештари боздидкунандагон аз кишварҳои ИДМ будаанд
2024-08-05T15:37+0500
2024-08-05T15:37+0500
2024-08-05T16:36+0500
русия
дар тоҷикистон
саёҳат ба тоҷикистон
омор
туризм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/11/1031747145_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_7ec8e01c310f2719b00288bde0c404c3.jpg
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Аз Русия ба Тоҷикистон шумораи бештари сайёҳон омадаанд.Дар ин бора раиси Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ Камолиддин Мӯъминзод зимни нишасти хабарияш изҳор дошт. Тибқи омори расмӣ, дар шаш моҳи аввали соли 2024 теъдоди онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30% афзоиш ёфтааст.Ба ин тартиб, беш аз 84 ҳазор нафар русҳо барои истироҳати худ Тоҷикистонро интихоб кардаанд. Ба иттилои ин кумита, танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ гардиши сайёҳон ба Тоҷикистон 19,1% афзоиш ёфтааст. Таъкид мешавад, ки аз кишвар 580,5 ҳазор нафар, аксаран шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дидан кардаанд. Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли равон раиси Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ Камолиддин Мӯъминзод хабар дода буд, ки ниҳодаш интизор дорад, ки ҳаҷми гардиши сайёҳон аз Русия дар як сол то 40% афзоиш ёбад. Шумораи сайёҳоне, ки аз Русия ба Тоҷикистон омадаанд, дар соли 2023 нисбат ба соли 2022 92,8% афзуда, ба 262,4 ҳазор нафар расидааст. Асосан, ба гуфтаи мақомоти ҷумҳурӣ, сайёҳони рус ба саёҳати кӯҳӣ таваҷҷӯҳ доранд.
https://sputnik.tj/20240805/bozdid-sayyohon-tojikiston-beshtar-1063800347.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/11/1031747145_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_dfef3e90cde20f06cc374e66d8333c67.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русҳо истироҳат тоҷикистон интихоб омор
русҳо истироҳат тоҷикистон интихоб омор
Русҳо барои истироҳат Тоҷикистонро бештар интихоб кардаанд: омор
15:37 05.08.2024 (Навсозишуда: 16:36 05.08.2024) Танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ гардиши сайёҳон ба Тоҷикистон 19,1% афзоиш ёфта, бештари боздидкунандагон аз кишварҳои ИДМ будаанд
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Аз Русия ба Тоҷикистон шумораи бештари сайёҳон омадаанд.
Дар ин бора раиси Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ Камолиддин Мӯъминзод зимни нишасти хабарияш изҳор дошт.
Тибқи омори расмӣ, дар шаш моҳи аввали соли 2024 теъдоди онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30% афзоиш ёфтааст.
Ба ин тартиб, беш аз 84 ҳазор нафар русҳо барои истироҳати худ Тоҷикистонро интихоб кардаанд.
"Имсол аз Русия 83 790 нафар ва дар ҳамин давраи соли гузашта 64 393 нафарро қабул кардем, ки ин 19 397 ё 30% зиёд аст", - гуфт ӯ дар нишасти матбуотӣ.
Ба иттилои ин кумита, танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ гардиши сайёҳон ба Тоҷикистон 19,1% афзоиш ёфтааст.
Таъкид мешавад, ки аз кишвар 580,5 ҳазор нафар, аксаран шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дидан кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли равон раиси Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ Камолиддин Мӯъминзод хабар дода буд, ки ниҳодаш интизор дорад, ки ҳаҷми гардиши сайёҳон аз Русия дар як сол то 40% афзоиш ёбад.
Шумораи сайёҳоне, ки аз Русия ба Тоҷикистон омадаанд, дар соли 2023 нисбат ба соли 2022 92,8% афзуда, ба 262,4 ҳазор нафар расидааст. Асосан, ба гуфтаи мақомоти ҷумҳурӣ, сайёҳони рус ба саёҳати кӯҳӣ таваҷҷӯҳ доранд.