Қасдан саркашӣ мекунанд: Дар Тоҷикистон шумори нафароне, ки алимент намесупоранд, афзудаст

© Sputnik / Амир ИсаевПресс-конференция Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан
Пресс-конференция Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2024
Обуна шудан
Сардори Хадамоти иҷро гуфт, бинобар қасдан саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент аз ҷониби прокуратура парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуданд
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар нимсолаи якуми соли равон ба Хадамоти иҷро 5376 ҳуҷҷати иҷро оид ба ситондани маблағи алимент ворид гардид.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода хабар дод.
Ба гуфтаи вай, дар маҷмуъ, 98693 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситондани маблағи алимент дар баррасии мо қарор дорад.
“Аз ҷониби кормандони Хадамот ба манфиати модару кӯдак 21 миллиону 425 ҳазору 515 сомонӣ рӯёнда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда аз 1 миллион сомонӣ зиёд мебошад”, - таъкид кард хонум Саидвализода.
Ҳамчунин сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон гуфт , бинобар қасдан саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент, бо пешниҳоди иҷрочиён нисбат ба 128 қарздор тибқи талаботи моддаи 177 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” аз ҷониби мақомоти прокуратура парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардиданд.
Раҳматзода Оятулло Муҳиддин, сардори Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2023
16 нафари саркаш аз пардохти алимент дар Суғд аз озодӣ маҳрум шуданд
Ҳамзамон, зикр гашт, ки нисбат ба 418 қарздор барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷойи зист аз ҷониби иҷрочиёни Хадамот бо қабули қарорҳои дахлдор кофтукоб эълон гардида, ҳуҷҷатҳо барои ҷустуҷӯ ба шуъбаҳои ВКД Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо ирсол гардидаанд.
Лентаи хабарҳо
0