https://sputnik.tj/20230814/sarkash-pardokht-aliment-sugd-ozodi-mahrum-1058817992.html
16 нафари саркаш аз пардохти алимент дар Суғд аз озодӣ маҳрум шуданд
16 нафари саркаш аз пардохти алимент дар Суғд аз озодӣ маҳрум шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд мегӯяд, қарздорони алимент аз ҷониби иҷрочиёни Хадамот дар виляот бо воситаи мақомоти корҳои дохилӣ кофтуков мешаванд
2023-08-14T15:32+0500
2023-08-14T15:32+0500
2023-08-14T19:26+0500
дар тоҷикистон
суғд
иҷро
парванда
суд
алимент
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058816793_6:0:1174:657_1920x0_80_0_0_e34a7f5f0c4d5fec16e6e93606bc995e.png
ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Бинобар дидаву дониста саркашӣ намудан аз пардохти маблағи алимент нисбати 76 (соли гузашта 73 нафар) нафар қарздорон тибқи талаботи моддаи 177 КҶ-и Тоҷикистон бо пешниҳоди иҷрочиёни Хадамот иҷро дар вилоят аз ҷониби мақомоти прокуратура парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.Дар ин бора, сардори Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд Раҳматзода Оятулло Муҳиддин зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.Вай афзуд, ки 16 нафаре, ки барқасдона аз таъминоти фарзандон саркашӣ мекарданд, дар асоси қарори суд аз озоди маҳрум ва 3 нафари дигар ҷарима шуданд. Инчунин, сардори Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир 85 (соли гузашта 41 нафар) нафар қарздорони алимент аз ҷониби иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар вилоят бо воситаи мақомоти корҳои дохилӣ кофтуков эълон карда шудааст.Ҳамзамон, ба иттилои оқои Раҳматзода дар ин давра ба раёсат теъдоди 1735 адад истеҳсолоти иҷро дар бораи ситонидани маблағи алимент воридгардида, аз солҳои пешин дар маҷмӯъ беш аз 20 ҳазор ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент дар баррасии иҷрочиён қарор дорад.Қайд карда шудааст, ки аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 3,9 млн сомонӣ маблағи алимент ситонида шудааст.
https://sputnik.tj/20230805/maqomot-pardokhti-aliment-sarkashi-firor-1058656285.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058816793_152:0:1028:657_1920x0_80_0_0_8bf57d8c14b10cf9f794e6a5792adf1d.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, ҷустуҷӯ, алимент, мақомот, қарздорон, пардохт
тоҷикистон, суғд, ҷустуҷӯ, алимент, мақомот, қарздорон, пардохт
16 нафари саркаш аз пардохти алимент дар Суғд аз озодӣ маҳрум шуданд
15:32 14.08.2023 (Навсозишуда: 19:26 14.08.2023) Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд мегӯяд, қарздорони алимент аз ҷониби иҷрочиёни ин ниҳод дар вилоят тавассути мақомоти корҳои дохилӣ кофтуков мешаванд
ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Бинобар дидаву дониста саркашӣ намудан аз пардохти маблағи алимент нисбати 76 (соли гузашта 73 нафар) нафар қарздорон тибқи талаботи моддаи 177 КҶ-и Тоҷикистон бо пешниҳоди иҷрочиёни Хадамот иҷро дар вилоят аз ҷониби мақомоти прокуратура парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Дар ин бора, сардори Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд Раҳматзода Оятулло Муҳиддин зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Вай афзуд, ки 16 нафаре, ки барқасдона аз таъминоти фарзандон саркашӣ мекарданд, дар асоси қарори суд аз озоди маҳрум ва 3 нафари дигар ҷарима шуданд.
Инчунин, сардори Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир 85 (соли гузашта 41 нафар) нафар қарздорони алимент аз ҷониби иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар вилоят бо воситаи мақомоти корҳои дохилӣ кофтуков эълон карда шудааст.
Ҳамзамон, ба иттилои оқои Раҳматзода дар ин давра ба раёсат теъдоди 1735 адад истеҳсолоти иҷро дар бораи ситонидани маблағи алимент воридгардида, аз солҳои пешин дар маҷмӯъ беш аз 20 ҳазор ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент дар баррасии иҷрочиён қарор дорад.
Қайд карда шудааст, ки аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 3,9 млн сомонӣ маблағи алимент ситонида шудааст.