Боз як пирӯзӣ дар Олимпиадаи Порис: Темур Раҳимов барандаи медали биринҷӣ шуд

© AP / Eugene HoshikoТемур Рахимов взял бронзу на Олимпийских играх в Париже
Темур Рахимов взял бронзу на Олимпийских играх в Париже - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2024
Обуна шудан
Темур Раҳимов ҷудокори тоҷик ба хазинаи медалҳои тими Тоҷикистон дар бозиҳои Олимпии Порис-2024 боз як медал дохил кард.
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар риштаи ҷудо паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100 кг медали биринҷӣ ба даст овард.
Дар сабқат барои медали биринҷӣ ҷудокори тоҷик бар Анди Гранда аз Куба пирӯз шуд.
Темур дар даври аввал озод буд ва дар марҳилаи дуюм бар Эрик Абрамови олмонӣ ва дар даври сеюм бар Алишер Юсупови узбекистонӣ ғолиб омад.
Ӯ дар даври нимниҳоӣ аз Теди Ринери фаронсавӣ шикаст хӯрд.
Ёдовар мешавем, ки аз 6 аъзои ҳайати ҷудои Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ Сомон Маҳмадбеков медали биринҷӣ ба даст овард. Дигар паҳлавонони тоҷик, ки аз ҷумла Эмомалии Нуралӣ, Беҳрӯзи Хоҷазода, Комроншоҳи Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар бозиҳои олимпӣ муваффақ нашуданд.
Бронзовый призер сборной Таджикистана Сомон Махмадбеков после соревнований по дзюдо на Олимпийских играх 2024 года в Париже - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2024
Аввалин медали олимпии Тоҷикистон дар Порис: Сомон Маҳмадбеков соҳиби медали биринҷӣ шуд
Ҳамчунин шаби 1 ба 2 август муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар марҳилаи чаҳорякниҳоии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар риштаи бокс бар Ҷек Марлии ирландӣ бо ҳисоби калони 4:1 пирӯз гардида, ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифт.
Муштзани тоҷик дар ин давр бо варзишгари узбекистонӣ рақобат хоҳад кард.
Давлат Болтаев, ки ба марҳилаи нимниҳоии Бозиҳои олимпии Порис-2024 дар баромадааст, аллакай соҳиби медали бириҷӣ мебошад.
Ду муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов ва Мижгона Самадова дар марҳилаи аввал аз рақибонашон шикаст хӯрданд ва аз идомаи иштирок дар мусобиқа маҳрум гаштанд.
Лентаи хабарҳо
0