Аввалин медали олимпии Тоҷикистон дар Порис: Сомон Маҳмадбеков соҳиби медали биринҷӣ шуд

© AFP 2024 / JACK GUEZБронзовый призер сборной Таджикистана Сомон Махмадбеков после соревнований по дзюдо на Олимпийских играх 2024 года в Париже
Бронзовый призер сборной Таджикистана Сомон Махмадбеков после соревнований по дзюдо на Олимпийских играх 2024 года в Париже - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2024
Обуна шудан
Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони маъруфи тоҷик, бо шикаст додани варзишгари итолиёӣ Антонио Эспосито соҳиби медали биринҷии Бозиҳои олимпии Порис шуд
ДУШАНБЕ, 31июл — Sputnik. Сомон Маҳмадбеков барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ шуд.
Сомон Маҳмадбеков, барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар мусобиқаи ҷудо дар вазни то 81 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум Фарес Бадавии фаластиниро шикаст дод.
Ҷудокори тоҷик дар даври севум бар Франк Де Вит аз Ҳолланд пирӯз шуда, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар чорякфинал Сомон Маҳмадбеков аз қаҳрамони секаратаи ҷаҳон Тато Григалашвилии гурҷӣ мағлуб шуд.
Аммо Сомон муборизаро дар даври тасаллобахш идома дода, бар паҳлавони узбек Шарофиддин Болтабоев ғолиб омад.
Мулоқоти Рустам Эмомалӣ бо варзишкороне, ки дар бозиҳои олимпӣ иштирок мекунанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2024
Рустами Эмомалӣ ба варзишгарони муваффақ дар бозиҳои олимпӣ хона ваъда кард
Паҳлавони тоҷик дар рақобати ҳалкунанда барои медали биринҷӣ бар Антонио Эспозитои итолиёӣ пирӯз шуд.
Дар ҳоли ҳозир дастаи мунтахаби Тоҷикистон як медали биринҷӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Порис аз 14 варзишгари тоҷик иштирок дорадю дар ҳоли ҳозир чаҳор нафарашон рақобатҳои худро ба анҷом расониданд.
Бояд қайд кард, ки дар 16 соли охир ин медали аввалини ҷудокорони тоҷик дар Бозиҳои олимпист. Бори охир дар Олимпаиадаи Пекин-2008 Расул Боқиев дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кило соҳиби медали биринҷӣ шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0