https://sputnik.tj/20240504/qasdi-talko-baroi-hazorho-ton-afzoish-dodani-istehsoli-aluminiy-1062723882.html
Қасди ТАЛКО барои ҳазорҳо тон афзоиш додани истеҳсоли алюминий
Қасди ТАЛКО барои ҳазорҳо тон афзоиш додани истеҳсоли алюминий
Sputnik Тоҷикистон
Ширкат дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ беш аз 19,7 ҳазор тонна алюминий истеҳсол кардааст, ки нисбат ҳамин давраи соли пор 4,2 тонна ё 127,3% зиёд аст
2024-05-04T16:57+0500
2024-05-04T16:57+0500
2024-05-04T16:57+0500
ширкати алюминии тоҷикистон
талко
истеҳсол
алюминий
саноат
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0c/1058225847_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_4d96eea2f0179ee0915541e268949e62.jpg
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. ҶСК "Ширкати алюминийи тоҷик" ва ё маъруф ба ТАЛКО қасд дорад, дар соли ҷорӣ истеҳсоли алюминийи аввалияро ба таври қобили мулоқҳиза афзоиш диҳад.Дар ин бора Игор Сатторов, сухангӯи гурӯҳи ширкат ба нашрияи "Ҷумҳурият" хабар дода, гуфтааст, ки дар нақша аст, ки ҳаҷми истеҳсол ба зиёда аз 25% афзояд.Ин дар ҳолест, ки истеҳсоли алюминийи аввалия дар соли 2023 ба 66 649 тонна расид, ки нисбат ба соли 2022-юм, 4 606 тонна ё 107,4 дарсад зиёд буд. Ба иттилои манбаъ, истеҳсоли алюминийи аввалия дар семоҳаи якуми соли 2024-ум 19 731,75 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба семоҳаи якуми соли 2023-юм 4235,8 тонна ё 127,3% зиёд мебошад.Гуфта мешавад, ки ширкат дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба ҶММ "Нокили ТАЛКО", ҶСП "НокилиТурсунзода", ҶММ "КМ ТТ ТАЧПРОФ", ҶММ "Алюпроф" ва истеъмолгарони дигари дохилӣ 2 883,5 тонна алюминий ба маблағи 70,4 миллион сомонӣ додааст. Таъкид шудааст, ки маҳсулоти корхонаҳои мазкур, дар баробари интиқол ба бозори дохилӣ, ба хориҷи кишвар, қабл аз ҳама, ба Ӯзбекистон, Қирғизистон,Туркия ва Эрон содирот шудаанд. Ба гуфтаи Сатторов маблағи маҳсулоти молии ҶСК "Ширкати алюминийи тоҷик" дар семоҳаи якуми соли 2024 ба 149,4 миллион сомонӣ расонда шуд, ки назар ба семоҳаи якуми соли 2023-юм 32,4 миллион сомонӣ зиёд аст. Гардиши савдои берунии Ширкат дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 68,5 млн доллар, аз ҷумла воридот 30,9 млн, содирот 37,6 млн долларро, ташкил додаст.Нархи миёнаи алюминий дар Биржаи филизоти Лондон дар семоҳаи якуми соли 2024-ум 2199 $ /тн-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 196 $/тн кам мебошад.Ёдовар мешавем, ки соли 2023 гардиши савдои хориҷии ин ширкат 244,4 млн долларро ташкил дод, аз он 113,7 млн доллар воридот ва 130,6 млн доллар содирот буд.
https://sputnik.tj/20240428/tojikiston-ba-bahr-roh-yoft-sodiroti-mahsuloti-kishvar-ba-khorij-osontar-meshavad-1062664428.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0c/1058225847_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_8c7695f7c2c6d61ae85a18df3b868642.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
талко афзоиш истеҳсол алюминий
талко афзоиш истеҳсол алюминий
Қасди ТАЛКО барои ҳазорҳо тон афзоиш додани истеҳсоли алюминий
Ширкат дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ беш аз 19,7 ҳазор тонна алюминий истеҳсол кардааст, ки нисбат ҳамин давраи соли пор 4,2 тонна ё 127,3% зиёд аст
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. ҶСК "Ширкати алюминийи тоҷик" ва ё маъруф ба ТАЛКО қасд дорад, дар соли ҷорӣ истеҳсоли алюминийи аввалияро ба таври қобили мулоқҳиза афзоиш диҳад.
Дар ин бора Игор Сатторов, сухангӯи гурӯҳи ширкат ба нашрияи "Ҷумҳурият" хабар дода, гуфтааст, ки дар нақша аст, ки ҳаҷми истеҳсол ба зиёда аз 25% афзояд.
"Тибқи нақшаи стратегии ТАЛКО барои соли 2024, бо назардошти корандозии электролизёрҳои нав, истеҳсоли алюминийи аввалияро то охири сол беш аз 84000 тонна, яъне, камаш 25% нисбат ба соли 2023 биафзояд",- афзудааст манбаъ.
Ин дар ҳолест, ки истеҳсоли алюминийи аввалия дар соли 2023 ба 66 649 тонна расид, ки нисбат ба соли 2022-юм, 4 606 тонна ё 107,4 дарсад зиёд буд.
Ба иттилои манбаъ, истеҳсоли алюминийи аввалия дар семоҳаи якуми соли 2024-ум 19 731,75 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба семоҳаи якуми соли 2023-юм 4235,8 тонна ё 127,3% зиёд мебошад.
Гуфта мешавад, ки ширкат дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба ҶММ "Нокили ТАЛКО", ҶСП "НокилиТурсунзода", ҶММ "КМ ТТ ТАЧПРОФ", ҶММ "Алюпроф" ва истеъмолгарони дигари дохилӣ 2 883,5 тонна алюминий ба маблағи 70,4 миллион сомонӣ додааст.
Таъкид шудааст, ки маҳсулоти корхонаҳои мазкур, дар баробари интиқол ба бозори дохилӣ, ба хориҷи кишвар, қабл аз ҳама, ба Ӯзбекистон, Қирғизистон,Туркия ва Эрон содирот шудаанд.
Ба гуфтаи Сатторов маблағи маҳсулоти молии ҶСК "Ширкати алюминийи тоҷик" дар семоҳаи якуми соли 2024 ба 149,4 миллион сомонӣ расонда шуд, ки назар ба семоҳаи якуми соли 2023-юм 32,4 миллион сомонӣ зиёд аст.
"Маблағи фурӯши маҳсулот 143,3 миллион сомониро ташкил дод ва дар қиёс ба семоҳаи якуми соли 2023-юм 28,6 миллион сомонӣ зиёдтар мебошад", - афзуд манбаъ.
Гардиши савдои берунии Ширкат дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 68,5 млн доллар, аз ҷумла воридот 30,9 млн, содирот 37,6 млн долларро, ташкил додаст.
Нархи миёнаи алюминий дар Биржаи филизоти Лондон дар семоҳаи якуми соли 2024-ум 2199 $ /тн-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 196 $/тн кам мебошад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 гардиши савдои хориҷии ин ширкат 244,4 млн долларро ташкил дод, аз он 113,7 млн доллар воридот ва 130,6 млн доллар содирот буд.