https://sputnik.tj/20230706/taloshi-eron-tojikiston-gustarish-ravobit-kishovarzi-1058117679.html
Талоши Эрону Тоҷикистон барои густариши равобити дуҷониба дар бахши кишоварзӣ
Талоши Эрону Тоҷикистон барои густариши равобити дуҷониба дар бахши кишоварзӣ
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Эрон дар Тоҷикистон ва вазири кишоварзии кишвар дар мулоқот дар хусуси густариши ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ тавофуқ карданд
2023-07-06T17:25+0500
2023-07-06T17:25+0500
2023-07-06T17:25+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
кишоварзӣ
трактор
сафир
душанбе
вазир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/06/1058117386_96:0:1952:1044_1920x0_80_0_0_c9fd73cc64dc3077cc0337a61e605308.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Душанбе бо Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати кишоварзӣ.Дар ин дидор, ки дар ҷараёни он Мустафо Ваҳидзода, мудиромили ширкати тавлиди трактори Эрон ва намояндагони "Тоҷикагролизинг" низ ҳузур доштанд, барномаи ду кишвар дар заминаи тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ баррасӣ шуд.Ба иттилои манбаъ тарафҳо оид ба рушди ҳамкориҳои судманд аз ҷумла, воридоти техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ изҳори назар намуданд.Вазорати кишоварзӣ маълумот додааст, ки дар давоми 4 моҳи соли равон 20 адад тракторҳои гуногунтамға, 40 адад тойбанду тагрезчин 1 адад дискмола ва 47 адад испори тракторӣ аз Эрон ба Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои воридкунандаи асосии техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ворид карда шудааст.Дар ҳамин ҳол хабаргузории “Форс” хабар додааст имрӯзҳо тракторҳои эронӣ ба 30 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ содир мешаванд. Басарфа будан, ки аз назари содирот бисёр дорои аҳамият ба назар мерасад, аз ҷумлаи имтиёзҳои тракторҳои тавлидшуда дар Эрон аст.Тракторҳои эронӣ умдатан барои истифода дар боғҳо тарроҳӣ шудаанд ва чунин таҷҳизоте нисбат ба соири моделҳои трактори сабук тақозои бештаре доранд.Тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон дар чаҳормоҳаи нахусти соли ҷорӣ ҳудуди 81 миллион доллар будааст.
https://sputnik.tj/20230704/istiqbol-rahmon-eron-shsh-tavajjuh-1058082139.html
эрон
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/06/1058117386_328:0:1720:1044_1920x0_80_0_0_89d08f7212af6ad415901f2777606c2f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вазорати кишоварзӣ, густариш, равобит, ҳамкорӣ, эжрон, тавофуқ, трактор
тоҷикистон, вазорати кишоварзӣ, густариш, равобит, ҳамкорӣ, эжрон, тавофуқ, трактор
Талоши Эрону Тоҷикистон барои густариши равобити дуҷониба дар бахши кишоварзӣ
Сафири Эрон дар Тоҷикистон ва вазири кишоварзии кишвар дар мулоқот дар хусуси густариши ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ тавофуқ карданд
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Душанбе бо Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати кишоварзӣ.
Дар ин дидор, ки дар ҷараёни он Мустафо Ваҳидзода, мудиромили ширкати тавлиди трактори Эрон ва намояндагони "Тоҷикагролизинг" низ ҳузур доштанд, барномаи ду кишвар дар заминаи тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ баррасӣ шуд.
Ба иттилои манбаъ тарафҳо оид ба рушди ҳамкориҳои судманд аз ҷумла, воридоти техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ изҳори назар намуданд.
Вазорати кишоварзӣ маълумот додааст, ки дар давоми 4 моҳи соли равон 20 адад тракторҳои гуногунтамға, 40 адад тойбанду тагрезчин 1 адад дискмола ва 47 адад испори тракторӣ аз Эрон ба Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои воридкунандаи асосии техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ворид карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории “Форс” хабар додааст имрӯзҳо тракторҳои эронӣ ба 30 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ содир мешаванд. Басарфа будан, ки аз назари содирот бисёр дорои аҳамият ба назар мерасад, аз ҷумлаи имтиёзҳои тракторҳои тавлидшуда дар Эрон аст.
Тракторҳои эронӣ умдатан барои истифода дар боғҳо тарроҳӣ шудаанд ва чунин таҷҳизоте нисбат ба соири моделҳои трактори сабук тақозои бештаре доранд.
Тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон дар чаҳормоҳаи нахусти соли ҷорӣ ҳудуди 81 миллион доллар будааст.