https://sputnik.tj/20240526/kamtar-dahyaki-qarzhoi-bonki-tojikiston-sanoat-ravona-1062979910.html
Камтар аз даҳяки қарзҳои бонкӣ дар Тоҷикистон барои саноат равона мешаванд
Камтар аз даҳяки қарзҳои бонкӣ дар Тоҷикистон барои саноат равона мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳаҷми қарзҳоеро, ки ташкилотҳои қарзии кишвар барои рушди иқтисодиёт пешниҳоди мизоҷон кардаанд, нокифоя хонд
2024-05-26T13:44+0500
2024-05-26T13:44+0500
2024-05-26T13:44+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
қарздиҳӣ
бонки миллӣ
фоиз
баланд
паст
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044218926_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_daa86218f8cac7e7786c4bd352f5451a.jpg
ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон дар чор моҳи аввали соли равон ҳудуди 6,6 млрд сомонӣ қарз додаанд. Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафараш ба Хатлон иттилоъ дода, афзуд, ки аз ин маблағ 1,5 млрд сомонӣ ё 20%-и он ба вилояти Хатлон рост меояд. Ин нишондиҳанда ҳоло ҳам нокифоя мебошад, изҳор дошт ӯ. Ба гуфтаи президент, аз ҳаҷми умумии қарзи додашуда дар кишвар ҳамагӣ 17% ба соҳаи кишоварзӣ ва 9% ба соҳаи саноат рост меояд. Вай барои Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ зарур хонд, ки барои таъмин намудани дастрасии соҳибкорони хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуҳлат, махсусан, дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ чораҳои амалӣ андешанд.Яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар ин бах фоизи қарзҳои бонкӣ гуфта мешаванд, ки ба иддаои мизоҷон баланданд. Ба итилои БМТ, дар ин ниҳод гурӯҳи кории доимоамалкунанда фаъолият мебарад, ки бевосита бо роҳбарони ташкилотҳои қарзию молиявии кишвар ҷаласаҳои корӣ баргузор намуда, бозбинӣ кардани фоизи қарзҳоеро, ки ба шаҳрвандону соҳибкорон пешниҳод мегардан. Манбаъ афзуд, ки дар панҷ соли охир меъёри миёнавазни қарз дар Тоҷикистон бо пули миллӣ аз 28 то 23% ва бо асъори хориҷӣ аз 22 то 11% паст карда шудааст.БМТ доимо оид ба кам кардани хароҷоте, ки ташкилотҳои қарзию молиявӣ доранд ва бозбинӣ намудани хароҷоти дуюмдараҷаро тавсия медиҳад, мегӯянд, масъулини ин ниҳод.
https://sputnik.tj/20240525/tojikiston-mablaghi-besh-mlrd-somoni-mahsulot-sodirot-1062977067.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044218926_267:0:2998:2048_1920x0_80_0_0_c3a37f272f412dc9030bce998b461f6c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳаҷм, қарз, бонк, афзоиш, пардохт, пул, мизоҷ, нокифоя
ҳаҷм, қарз, бонк, афзоиш, пардохт, пул, мизоҷ, нокифоя
Камтар аз даҳяки қарзҳои бонкӣ дар Тоҷикистон барои саноат равона мешаванд
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳаҷми қарзҳоеро, ки ташкилотҳои қарзии кишвар барои рушди иқтисодиёт пешниҳоди мизоҷон кардаанд, нокифоя хонд
ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон дар чор моҳи аввали соли равон ҳудуди 6,6 млрд сомонӣ қарз додаанд.
Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафараш ба Хатлон иттилоъ дода, афзуд, ки аз ин маблағ 1,5 млрд сомонӣ ё 20%-и он ба вилояти Хатлон рост меояд. Ин нишондиҳанда ҳоло ҳам нокифоя мебошад, изҳор дошт ӯ.
Ба гуфтаи президент, аз ҳаҷми умумии қарзи додашуда дар кишвар ҳамагӣ 17% ба соҳаи кишоварзӣ ва 9% ба соҳаи саноат рост меояд.
Вай барои Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ зарур хонд, ки барои таъмин намудани дастрасии соҳибкорони хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуҳлат, махсусан, дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ чораҳои амалӣ андешанд.
Яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар ин бах фоизи қарзҳои бонкӣ гуфта мешаванд, ки ба иддаои мизоҷон баланданд.
Ба итилои БМТ, дар ин ниҳод гурӯҳи кории доимоамалкунанда фаъолият мебарад, ки бевосита бо роҳбарони ташкилотҳои қарзию молиявии кишвар ҷаласаҳои корӣ баргузор намуда, бозбинӣ кардани фоизи қарзҳоеро, ки ба шаҳрвандону соҳибкорон пешниҳод мегардан.
Манбаъ афзуд, ки дар панҷ соли охир меъёри миёнавазни қарз дар Тоҷикистон бо пули миллӣ аз 28 то 23% ва бо асъори хориҷӣ аз 22 то 11% паст карда шудааст.
БМТ доимо оид ба кам кардани хароҷоте, ки ташкилотҳои қарзию молиявӣ доранд ва бозбинӣ намудани хароҷоти дуюмдараҷаро тавсия медиҳад, мегӯянд, масъулини ин ниҳод.