https://sputnik.tj/20240801/mavsimi-khatarnoki-obbozi-kiho-gharq-shudand-1063750604.html
“Мавсими хатарноки оббозӣ”: киҳо ғарқ шуданд?
“Мавсими хатарноки оббозӣ”: киҳо ғарқ шуданд?
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз ғарқшавии 86 нафар дар кӯлу дарёҳои кишвар тайи шаш моҳи гузашта хабар дод
2024-08-01T09:36+0500
2024-08-01T09:36+0500
2024-08-01T11:54+0500
кҳф
ғарқшавӣ
ҳолати фавқулода
тобистон
оббозӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/69/1029876901_613:162:2784:1383_1920x0_80_0_0_fb598d0b8046c2095fa4e9ad9a0ad82c.jpg
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди ғарқшудагон як нафар кам аст.Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки асосан сабаби ғарқшавии шаҳрвандон, беэҳтиётӣ, риоя накардани қоидаҳои оббозӣ, беназоратии волидайн, бо сабабҳои номаълум, садамаҳои нақлиётӣ, худкушӣ ва мастӣ мебошад.Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, дар шашмоҳаи аввали соли равон бештари ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар вилояти Хатлону Суғд ва НТҶ сабт шуда, дар ин миён 8 нафар - то синни 4 сола, 9 нафар - аз 5 то 10 сола, 23 нафар - аз 11 то 16 сола, 28 нафар - аз 17 то 35 сола ва 18 нафар - аз 35 – сола боло мебошанд.Бо ҳамин давраи соли 2023 шумораи умумии ғарқшудагон 87 нафар, ки аз ин 41 нафарро кӯдакон ва наврасони то синни 17 сола, 26 нафар аз синни 17 то 35 сола ва 20 нафарро шахсони аз 35 сола боло ташкил менамуд. Аз рӯи мансубият ба ҷинс, занҳо 26 нафар (30,2%) ва мардҳо 60 нафар (69,8%) -ро ташкил медиҳанд. 18,6% - и ғарқшудагонро ҷасадҳои аз дарёҳо ва соҳили дарёҳо дарёфтшуда, ташкил медиҳанд. Сабабҳои ғарқшавӣ оббозӣ кардан дар ҷойҳои манъшуда (25%), беэҳтиётӣ (18%), беназоратии волидайн (12%), садамаҳои нақлиётӣ (12%), худкушӣ (7%), мастӣ (2%) ва ҳолати равонӣ (2%) мебошад.
https://sputnik.tj/20240620/gharqi-nafar-tojikiston-az-avvali-sol-1063272830.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/69/1029876901_740:0:2784:1533_1920x0_80_0_0_d3c191daf9bb40d6c3910d08377eaad4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кҳф, ғарқшавӣ, тобистон, кулу дарё, оббозӣ
тоҷикистон, кҳф, ғарқшавӣ, тобистон, кулу дарё, оббозӣ
“Мавсими хатарноки оббозӣ”: киҳо ғарқ шуданд?
09:36 01.08.2024 (Навсозишуда: 11:54 01.08.2024) Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз ғарқшавии 86 нафар дар кӯлу дарёҳои кишвар тайи шаш моҳи гузашта хабар дод
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди ғарқшудагон як нафар кам аст.
Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки асосан сабаби ғарқшавии шаҳрвандон, беэҳтиётӣ, риоя накардани қоидаҳои оббозӣ, беназоратии волидайн, бо сабабҳои номаълум, садамаҳои нақлиётӣ, худкушӣ ва мастӣ мебошад.
“Мо барои пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар мавсими оббозӣ ҳамасола корҳои фаҳмондадиҳӣ тариқи телевизиону радио, чопу тақсими варақаҳои иттилоотӣ, намоиши наворҳо аз ҷониби кормандони Кумита дар якҷоягӣ бо макомотҳои дахлдорро ба роҳ мемонем, аммо ҳамоно сокинон беэътиноӣ мекунанд”, - гуфт Рустам Назарзода.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, дар шашмоҳаи аввали соли равон бештари ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар вилояти Хатлону Суғд ва НТҶ сабт шуда, дар ин миён 8 нафар - то синни 4 сола, 9 нафар - аз 5 то 10 сола, 23 нафар - аз 11 то 16 сола, 28 нафар - аз 17 то 35 сола ва 18 нафар - аз 35 – сола боло мебошанд.
Бо ҳамин давраи соли 2023 шумораи умумии ғарқшудагон 87 нафар, ки аз ин 41 нафарро кӯдакон ва наврасони то синни 17 сола, 26 нафар аз синни 17 то 35 сола ва 20 нафарро шахсони аз 35 сола боло ташкил менамуд. Аз рӯи мансубият ба ҷинс, занҳо 26 нафар (30,2%) ва мардҳо 60 нафар (69,8%) -ро ташкил медиҳанд. 18,6% - и ғарқшудагонро ҷасадҳои аз дарёҳо ва соҳили дарёҳо дарёфтшуда, ташкил медиҳанд.
Сабабҳои ғарқшавӣ оббозӣ кардан дар ҷойҳои манъшуда (25%), беэҳтиётӣ (18%), беназоратии волидайн (12%), садамаҳои нақлиётӣ (12%), худкушӣ (7%), мастӣ (2%) ва ҳолати равонӣ (2%) мебошад.