Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

New York Times: Аз даст додани ду деҳа дар Донбасс барои Украина зарбаи сахт буд

© Sputnik / Станислав Красильников / Гузариш ба медиабонкБоевая работа САУ "Мста-С" ЦВО на Авдеевском направлении
Боевая работа САУ Мста-С ЦВО на Авдеевском направлении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2024
Обуна шудан
Рӯзномаи амрикоӣ менависад, ки аз даст додани деҳаҳои Урожайное ва Старомаёрское дар Донбасс як зарбаи ҷиддӣ ба Украина буд
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Аз даст додани деҳаҳои Урожайное ва Старомаёрское дар Донбасс зарбае барои Украина буд, Чунки барои тасарруфи ин шаҳракҳо дар ҷараёни ҳамлаи ҷавобӣ дар соли гузашта артиши Украина барои он нерӯи зиёд масраф карда буд, менависад New York Times дар истинод ба як манбаъ аз артиши Украина.
Урожайное ва Старомаёрское миёни вилояти Запорожие ва ҶМД воқеъ мебошанд. Душман ин деҳаҳоро тобистони соли гузашта дар рафти ҳамлаи ҷавобӣ ишгол карда буд.
Старомаёрское 10 июн, Урожайное 14 июл озод карда шуданд.
“Аз даст додани ин деҳаҳо барои Украина дар пасманзари дастовардҳои ҳудудии ахири Русия дар бисёре аз бахшҳои ҷабҳа як зарбае буд ва чун нерӯҳои украинӣ онҳоро бо чунин душворӣ ҳангоми ҳамлаи ҷавобии хунин забт карданд", - менависад нашрия.
Дар баробари ин, дар рӯзнома қайд карда шудааст, ки фармондеҳ аз низомиёни украинӣ талаб кард, ки мавқеъҳои худро то охир нигох доранд.
Расчетом ОТРК Искандер-М нанесен ракетный удар по РСЗО М270А1 МЛРС в районе н.п. Новотроицкое - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Искандар" мушакандози чандгонаи сохти амрикоиро бо 15 сарбози украинӣ нобуд кард – видео
"Дар гирду атроф паҳподҳои интиҳории зиёд парвоз мекарданд, ки танҳо шабона ба берун овардани маҷрӯҳон имкон буд, ки дар он ҷо нигоҳ доштани сарбозон (дар Урожайный - ред.) бемаънӣ шуд", - иқтибос меорад рӯзнома гуфтаҳои як низомиро.
Нашрия қайд мекунад, ки ақибнишинӣ аз маҳаллаи аҳолинишин дар тӯли чанд соат ба "муборизаи ноумедона дар зери оташ" бидуни имкони гирифтани кушташудагон ва захмиён мубаддал шуд.
Тавре рӯзнома бо истинод ба афсарони Украина менависад, онҳое, ки аз ақибнишинӣ наҷот ёфтаанд, ба беморхонаҳо фиристода шуданд.
Тавре аз Вазорати дифои Русия хабар дод, сардори Ситоди Русия генерал Валерий Герасимов ба низомиёне, ки дар озодсозии шаҳри Урожайний иштирок доштанд, ҷоизаҳои давлатӣ супурд ва аз онҳо барои ҷасорат изҳори сипос кард.
Лентаи хабарҳо
0