https://sputnik.tj/20240731/narkhi-obi-nushoki-khujand-yakbora-baland-shud-1063747449.html
Нархи оби нушокӣ дар Хуҷанд якбора 15% баланд шуд
Нархи оби нушокӣ дар Хуҷанд якбора 15% баланд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Давоми як соли охир ин бори дувум аст, ки нархи хизматрасонии таъминоти оби нушокӣ дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд боло бурда мешавад
2024-07-31T18:40+0500
2024-07-31T18:40+0500
2024-07-31T18:40+0500
об
дар тоҷикистон
нарх
суғд
болоравӣ
арзиш
хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/16/1063625982_0:188:3072:1916_1920x0_80_0_0_0072b6617a3bd00cf14d53c2c519ba12.jpg
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Минбаъ сокинони шаҳри Хуҷанд муваззаф мешаванд, ки барои истифодаи як куб (1 мукааб) оби нушокӣ 1,66 сомонӣ пардохт кунанд.Нархномаи нав шурӯъ аз 1 август амал хоҳад кард.Тағйирёбии нархи хизматрасонии обрасониро директори генералии КВД “Хуҷандобуканал”, Хайрулло Бобоев ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кард.То ин замон қимати оби нӯшокӣ дар Хуҷанд барои аҳолӣ 1, 44 сомонӣ ва ҳаққи зизматрасонии партов 0, 96 сомонӣ буд. Нархномаи нав 15 % баланд аз нархҳои қаблӣ гуфта мешавадБино ба иттилоъи директори “Хуҷандобуканал” дар радифи тағйирёбии нархи таъминоти об, инчунин ҳаққи хизматрасонии рафъи партов (ташноб) низ баланд шудааст.Мутобиқи нархномаи нав, ҳаққи хизматрасонии як метри мукааб 1 м3 рафъи партов (канализатсия)Давоми як соли охир ин бори дувум аст, ки нархи хизматрасонии таъминоти оби нушокӣ дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд боло бурда мешавад.Моҳи майи соли 2023 нархи оби нушокӣ ва хизматрасонии партов 20 % баланд бардошта шуда буд. Он вақт нархи ҳар куб об барои аҳолӣ 1,44 сомонӣ ва ҳаққи хизматрасонии партов 0, 96 сомонӣ буд.Нархномаи нав, ки қарор аст аз пагоҳ 1 август ҷорӣ шавад 15% баланд аз нархҳои қаблӣ гуфта мешавадДар Идораи “Хуҷандобуканал” сабаби боло бурдани нархҳоро ба баландшавии арзиши сӯзишворӣ ва нархи қувваи барқ шарҳ медиҳанд.КВД "Хуҷандобуканал" аҳолии шаҳри Хуҷанд ва қисме аз аҳолии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо оби нушокӣ таъмин мекунад. Оби нушокӣ асосан тавассути чоҳҳои амудӣ ба ҳавзҳо кашида шуда ва сипас тавассути муҳаррикҳо ба маҳаллаҳои шаҳр тақсим карда мешавад.Вақҳтҳои охир сокинони биноҳои ошёнадор дар Хуҷанд аз мушкили огоҳу ноогоҳона қатъ шудани обрасонӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. Масъулони идораи об инро ба сар задани садамаҳо рабт медиҳанд.Дар ҳолест, ки то ин вақт чандин лоиҳаи беҳтаргардони вазъи оби нушокӣ аз ҳисоби масрафи маблағҳои зиёди грантӣ рӯи даст гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20220212/narkh-ob-tojikiston-garon-davlatzoda-1045786947.html
https://sputnik.tj/20230410/khujand-narkh-ob-baland-shud-1056344966.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/16/1063625982_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_6a0cd124d34f7c0d1b8cff98babe44ae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, оби нӯшокӣ, хуҷанд, қимат, гарон, нарх
тоҷикистон, суғд, оби нӯшокӣ, хуҷанд, қимат, гарон, нарх
Нархи оби нушокӣ дар Хуҷанд якбора 15% баланд шуд
Давоми як соли охир ин бори дувум аст, ки нархи хизматрасонии таъминоти оби нушокӣ дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд боло бурда мешавад
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Минбаъ сокинони шаҳри Хуҷанд муваззаф мешаванд, ки барои истифодаи як куб (1 мукааб) оби нушокӣ 1,66 сомонӣ пардохт кунанд.
Нархномаи нав шурӯъ аз 1 август амал хоҳад кард.
Тағйирёбии нархи хизматрасонии обрасониро директори генералии КВД “Хуҷандобуканал”, Хайрулло Бобоев ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кард.
“Тибқи нархномаи нав 1мукааб об, барои аҳолӣ – 1,66 сомонӣ, барои ташкилотҳои буҷҷетӣ – 2,82 сомонӣ ва барои ташкилотҳои ҳисоби буҷҷетӣ – 8,86 сомонӣ муқаррар шудааст” – гуфт, Бобоев.
То ин замон қимати оби нӯшокӣ дар Хуҷанд барои аҳолӣ 1, 44 сомонӣ ва ҳаққи зизматрасонии партов 0, 96 сомонӣ буд. Нархномаи нав 15 % баланд аз нархҳои қаблӣ гуфта мешавад
Бино ба иттилоъи директори “Хуҷандобуканал” дар радифи тағйирёбии нархи таъминоти об, инчунин ҳаққи хизматрасонии рафъи партов (ташноб) низ баланд шудааст.
Мутобиқи нархномаи нав, ҳаққи хизматрасонии як метри мукааб 1 м3 рафъи партов (канализатсия)
барои аҳолӣ – 1,10 сомонӣ
барои ташкилотҳои буҷҷетӣ – 1,66 сомонӣ
барои ташкилотҳои ҳисоби хоҷагӣ – 2,35 сомонӣ тасдиқ шудааст.
Давоми як соли охир ин бори дувум аст, ки нархи хизматрасонии таъминоти оби нушокӣ дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд боло бурда мешавад.
Моҳи майи соли 2023 нархи оби нушокӣ ва хизматрасонии партов 20 % баланд бардошта шуда буд. Он вақт нархи ҳар куб об барои аҳолӣ 1,44 сомонӣ ва ҳаққи хизматрасонии партов 0, 96 сомонӣ буд.
Нархномаи нав, ки қарор аст аз пагоҳ 1 август ҷорӣ шавад 15% баланд аз нархҳои қаблӣ гуфта мешавад
Дар Идораи “Хуҷандобуканал” сабаби боло бурдани нархҳоро ба баландшавии арзиши сӯзишворӣ ва нархи қувваи барқ шарҳ медиҳанд.
КВД "Хуҷандобуканал" аҳолии шаҳри Хуҷанд ва қисме аз аҳолии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо оби нушокӣ таъмин мекунад. Оби нушокӣ асосан тавассути чоҳҳои амудӣ ба ҳавзҳо кашида шуда ва сипас тавассути муҳаррикҳо ба маҳаллаҳои шаҳр тақсим карда мешавад.
Вақҳтҳои охир сокинони биноҳои ошёнадор дар Хуҷанд аз мушкили огоҳу ноогоҳона қатъ шудани обрасонӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. Масъулони идораи об инро ба сар задани садамаҳо рабт медиҳанд.
Дар ҳолест, ки то ин вақт чандин лоиҳаи беҳтаргардони вазъи оби нушокӣ аз ҳисоби масрафи маблағҳои зиёди грантӣ рӯи даст гирифта шудааст.