Дар Хуҷанд нархи оби нушокӣ баланд шуд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкВодопроводный кран, архивное фото
Водопроводный кран, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Идораи “Хуҷандобуканал” нархномаи нави хизматрасониро барои сокинон тасдиқ кунонидааст ва қарор аст он сар аз 1 май ҷорӣ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 10 апр – Sputnik. Идораи КВД “Хуҷандобуканал” нархи хизматрасонии оби нушокӣ ва рафъи партовро 20% баланд кардааст.
Дар бораи тағйир ёфтани нархи хизматрасонӣ ин идора бо нашри эълон ба сокинон хабар расонидааст.
Абдуҳалим Нуъмонов, сармуҳандиси КВД “Хуҷандобуканал” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон нархномаи нав ва сабаби тағйирёбии арзиши хизматрасониро шарҳ дод.
“Сар аз 1 май нархи 1 куб (1 м3) оби нушокӣ барои аҳолӣ 1,44 сомонӣ ва ҳаққи хизматрасонии партов 0,96 дирам муқарар карда шудааст. Нархномаи нав дар мувофиқа ба Идораи зиддимонополия тасдиқ шудааст", - гуфт, сармуҳандис.
То ин вақт нархи 1 куб оби нушокӣ барои аҳолӣ 1,20 дирам ва ҳаққи хизматрасонии ташноб 0,80 дирам буд.
Минбаъд барои ташкилотҳои буҷҷавӣ нархи 1 куб оби нушокӣ 2, 45 дирам ва 1 куб ташноб 1, 44 дирам ва барои ташкилотҳои ҳисоби хоҷагӣ 1 куб оби нушокӣ 7, 2 сомонӣ ва 1 куб оби партов 2, 04 дирам муқарар шудааст.
Масъулони идораи об дар Хуҷанд, сабаби тағйирёбии нархро ба баландшавии нархи қувваи барқ ва сӯзишворӣ шарҳ медиҳанд.
Обанбори нави оби ошомиданӣ дар Суғд ба истифода дода шуд
Ахиран дар поёни соли 2019 ин идора нархи хизматрасонӣ аз ҷумла оби нушокиро 20% боло бурда буд.
КВД "Хуҷандобуканал" аҳолии шаҳри Хуҷанд ва қисме аз аҳолии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо оби нушокӣ таъмин мекунад. Оби нушокӣ асосан тавассути чоҳҳои амудӣ ба ҳавзҳо кашида шуда ва сипас тавассути муҳаррикҳо ба маҳаллаҳои шаҳр тақсим карда мешавад.
Вақҳтҳои охир сокинони биноҳои ошёнадор дар Хуҷанд аз мушкили зуд-зуд қатъ шудани обрасонӣ нигаронӣ мекунанд. Масъулони идораи об инро ба сар задани садамаҳо рабт медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0