Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

"Искандар" мушакандози чандгонаи сохти амрикоиро бо 15 сарбози украинӣ нобуд кард – видео

Обуна шудан
Вазорати дифои Русия ахиран нафори нобудсозии мушакандози навбатии сохти амрикоиро дар Украина дар хати ҷабҳа нашр кард
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Вазорати дифои Русия навори нобудсозии системаи мушакандози чандгонаи сохти амрикоии M270A1 MLRS ва то 15 низомии украиниро дар наздикии деҳаи Новотроитское нашр кард.
"Артиши Русия ба мавқеъи мушакандози чандгонаи сохти амрикоӣ дар минтақаи аҳолинишини Новотроицкое бо мушакии “Искандар” зарба зад. Дар натича системи амрикоӣ ва як мошини ҳамроҳ ва то 15 ҷангҷӯи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина нобуд карда шуданд”, - омадааст дар хабар.
Гурӯҳҳои "Ғарб"-у "Шарқ"-и дар хатти аввали амалиёти вижа мавқеяшонро беҳтар карданд
Ҳамчунин ҷангандаҳои бомбандози Су-34 ба мувқеъи Нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳамла карданд.
Зарба бо бомбҳои ФАБ-500 бо модули универсалии худпарвози ҳушманд анҷом дода шуд.
Қайд карда шудааст, ки дар натиҷаи ҳамла даҳҳо сарбози украинӣ кушта ва захмӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро идома медиҳад.
Зарбаи артиши Русия ба корхонаи танкбарории Харков -видео
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижа озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ ширкат дар даргириҳо дар Украинаро расман рад мекунанд, аммо ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина силоҳ идома медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0