https://sputnik.tj/20240729/maqomot-guft-beshtar-az-hama-dar-kadom-mintaqai-tojikiston-korkhonahoi-sanoati-boz-shudaast-1063709541.html
Мақомот гуфт бештар аз ҳама дар кадом минтақаи Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ боз шудааст
Мақомот гуфт бештар аз ҳама дар кадом минтақаи Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ боз шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон бештар аз ҳама дар доираи эълони солҳои рушди саноат дар вилояти Суғд корхонаҳои саноатӣ боз шудааст
2024-07-29T14:59+0500
2024-07-29T14:59+0500
2024-07-29T14:59+0500
дар тоҷикистон
суғд
хатлон
саноат
коргоҳ
боз
ифтитоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0f/1031901665_0:156:3076:1886_1920x0_80_0_0_ef50cd1911b13fe6e2d3d7c79a7ada03.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон, дар доираи "Солҳои рушди саноат барои солҳои 2022-2025" дар ҷумҳурӣ 251 корхонаи нави саноатӣ бо фарогирии 1714 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд.Ба иттилои манбаъ, аз 251 корхонаи мавриди истифода қарордодашуда, ба шаҳри Душанбе 62, вилояти Хатлон 40, Суғд 91, шаҳру ноҳияҳҳои тобеи ҷумҳурӣ 39 ва ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 адад корхона рост меояд.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 раванди таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар вилоятҳои Суғд 113,1%, Хатлон 110% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 106,4% таъмин гардидааст.Ёдовар мешавем, ки қаблан вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар, Шералӣ Кабир гуфта буд, ки соли гузашта дар Тоҷикистон 729 корхонаи нав ба кор шуруъ карда, дар ин миён 426 корхонаи саноатӣ нишондоди сифрӣ пешниҳод намудаанд.Бино ба маълумоти вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар қиёс бо кишварҳои ҳамсоя теъдоди корхонаҳое, ки аз Шӯравӣ боқӣ монда, ба муддати тӯлонӣ кор намекунанд, 124 адад аст, ки 3,6% дарсадро ташкил мекунад. Ин рақам дар Озарбойҷон – 4,5%, Қирғизистон – 6,7% ва Ӯзбекистон – 4% аст.
https://sputnik.tj/20240526/kamtar-dahyaki-qarzhoi-bonki-tojikiston-sanoat-ravona-1062979910.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0f/1031901665_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_62a2657ed70b2b3b050b41fae7415b8f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, саноат, корхона, боз, корхонаи саноатӣ, суғд, хатлон
тоҷикистон, саноат, корхона, боз, корхонаи саноатӣ, суғд, хатлон
Мақомот гуфт бештар аз ҳама дар кадом минтақаи Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ боз шудааст
Ба иттилои Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон бештар аз ҳама дар доираи эълони солҳои рушди саноат дар вилояти Суғд корхонаҳои саноатӣ боз шудааст
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон, дар доираи "Солҳои рушди саноат барои солҳои 2022-2025" дар ҷумҳурӣ 251 корхонаи нави саноатӣ бо фарогирии 1714 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд.
Ба иттилои манбаъ, аз 251 корхонаи мавриди истифода қарордодашуда, ба шаҳри Душанбе 62, вилояти Хатлон 40, Суғд 91, шаҳру ноҳияҳҳои тобеи ҷумҳурӣ 39 ва ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 адад корхона рост меояд.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 раванди таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар вилоятҳои Суғд 113,1%, Хатлон 110% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 106,4% таъмин гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар, Шералӣ Кабир гуфта буд, ки соли гузашта дар Тоҷикистон 729 корхонаи нав ба кор шуруъ карда, дар ин миён 426 корхонаи саноатӣ нишондоди сифрӣ пешниҳод намудаанд.
Бино ба маълумоти вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар қиёс бо кишварҳои ҳамсоя теъдоди корхонаҳое, ки аз Шӯравӣ боқӣ монда, ба муддати тӯлонӣ кор намекунанд, 124 адад аст, ки 3,6% дарсадро ташкил мекунад. Ин рақам дар Озарбойҷон – 4,5%, Қирғизистон – 6,7% ва Ӯзбекистон – 4% аст.