ИИАО ва Ҳинд рӯи созишномаи тиҷорати озод кор мекунанд

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузариш ба медиабонкДворец Тадж-Махал в городе Агра
Дворец Тадж-Махал в городе Агра  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2024
Обуна шудан
Дар чаҳорчӯби нишасти 22-юми Русияву Ҳинд, ки моҳи июл дар Маскав баргузор шуд, кишварҳо дар мавриди кор сари ташкили минтақаи озоди тиҷорат ба тавофуқ расиданд
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Ҳиндустон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар бораи санаи даври навбатии музокирот оид ба созишномаи тиҷорати озод ба мувофиқа расиданд.
Дар ин бора сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон Рандхир Ҷайсвал дар брифинге хабар дод.
"Дар мавзӯи Ҳиндустон ва ИИАО: ин масъала баррасӣ шуд, ин як қисми изҳороти муштаракест, ки ҳангоми сафари сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди ба Русия қабул шудааст",- гуфт ӯ.
Дипломат ёдовар шуд, ки дар моҳи март ҷонибҳо оид ба созишномаи озоди молӣ музокира анҷом доданд.
"Ҳарду ҷониб бояд дар бораи сана мувофиқа кунанд, мулоқоти навбатиро ба нақша гиранд ва ба пеш ҳаракат кунанд. Ҳоло [тарафҳо] дар ин марҳила ҳастанд. Ҳарду ҷониб бо ҳамдигар дар иртибот ҳастанд, то бифаҳманд, ки чӣ гуна беҳтар пеш рафтан мумкин аст",- гуфт Ҷайсвал.
Заседание регулярного диалога Евразийский экономический союз – Вьетнам  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2024
ИИАО ва Ветнам бозори тавлиди худрав ва дорусозиро баррасӣ намуданд
Ёдовар мешавем, ки сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ рӯзҳои 8-9 июл аз Маскав дидан кард. Вай дар 22-умин нишасти сарони Русияву Ҳинд ширкат дошт.
Дар изҳороти муштарак дар пайи нишасти Маскав ва Деҳлӣ гуфта мешавад, ки Русия ва Ҳиндустон дар мавриди кор сари масъалаи ташкили минтақаи озоди тиҷоратии ИИАО – Ҳиндустон ба мувофиқа расиданд.
Лентаи хабарҳо
0