https://sputnik.tj/20240726/iiao-vetnam-bozori-khudrav-dorusozi-barrasi-1063676759.html
ИИАО ва Ветнам бозори тавлиди худрав ва дорусозиро баррасӣ намуданд
ИИАО ва Ветнам бозори тавлиди худрав ва дорусозиро баррасӣ намуданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар як ҷаласа дар Ханой роҳҳои беҳтар кардани шароит барои дастрасии маҳсулоти Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба бозори Ветнам баррасӣ шуд
2024-07-26T17:59+0500
2024-07-26T17:59+0500
2024-07-26T17:59+0500
ииао
ветнам
ҳамкорӣ
равобит
иқтисод
дорусозӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/19/1063666199_0:33:1400:821_1920x0_80_0_0_2902c102bc476dc244c868ec7e03a84c.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) бо давлати Ветнам масъалаҳои дастрасӣ ба бозори тавлиди худрав ва маҳсулоти дорусозиро баррасӣ кард.Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.Дар Ханой нахустин нишасти муколамаи навбатии "Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё – Ветнам" дар бораи масъалаҳои дастрасӣ ба бозор вобаста ба монеаҳои техникӣ дар тиҷорат баргузор шуд.“Муколамаи мунтазам як майдонест, ки дар он коршиносон аз кишварҳои ИИАО ва Ветнам метавонанд дар фазои дӯстона масъалаҳои мубрами рӯзро баррасӣ ва роҳҳои ҳалли онҳоро пайдо намоянд”, гуфт намояндаи Комиссияи иқтисодӣ АвруОсиё Наталя Тараскина.Мушаххас карда мешавад, ки вохӯрӣ аз ду ҷаласа иборат буд, ки бо бахшҳои гуногун дар бораи "масъалаҳои нигаронии истеҳсолкунандагони кишварҳои ИИАО" вобаста ба дастрасӣ барои роҳ ёфтанд ба бозори Ветнам баргузор шуд.Дар натиҷаи вохӯрӣ тарафҳои аз низомҳои танзимии Ветнам маълумот пайдо карданд ва чораҳои минбаъда барои беҳтар намудани шароит барои маҳсулоти ИИАО ба бозори Ветнам муайян карданд.Қаблан хабар дода шуда буд, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Индонезия қасд доранд, созишнома дар бораи тиҷорати озод банданд. Таъкид гардид, ки он ба татбиқи иқтидори содиротӣ мусоидат хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20240725/ostona-hamkorihoi-gumrukii-iiao-barrasi-1063666578.html
ветнам
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/19/1063666199_37:0:1249:909_1920x0_80_0_0_fa5b1be7cbecfa76a7c88df0a3370f46.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, ветнам, ҳамкорӣ, равобит, дорусозӣ, авруосиё, иқтисод
ииао, ветнам, ҳамкорӣ, равобит, дорусозӣ, авруосиё, иқтисод
ИИАО ва Ветнам бозори тавлиди худрав ва дорусозиро баррасӣ намуданд
Дар як ҷаласа дар Ханой роҳҳои беҳтар кардани шароит барои дастрасии маҳсулоти Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба бозори Ветнам баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) бо давлати Ветнам масъалаҳои дастрасӣ ба бозори тавлиди худрав ва маҳсулоти дорусозиро баррасӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Дар Ханой нахустин нишасти муколамаи навбатии "Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё – Ветнам" дар бораи масъалаҳои дастрасӣ ба бозор вобаста ба монеаҳои техникӣ дар тиҷорат баргузор шуд.
“Муколамаи мунтазам як майдонест, ки дар он коршиносон аз кишварҳои ИИАО ва Ветнам метавонанд дар фазои дӯстона масъалаҳои мубрами рӯзро баррасӣ ва роҳҳои ҳалли онҳоро пайдо намоянд”, гуфт намояндаи Комиссияи иқтисодӣ АвруОсиё Наталя Тараскина.
Мушаххас карда мешавад, ки вохӯрӣ аз ду ҷаласа иборат буд, ки бо бахшҳои гуногун дар бораи "масъалаҳои нигаронии истеҳсолкунандагони кишварҳои ИИАО" вобаста ба дастрасӣ барои роҳ ёфтанд ба бозори Ветнам баргузор шуд.
Дар натиҷаи вохӯрӣ тарафҳои аз низомҳои танзимии Ветнам маълумот пайдо карданд ва чораҳои минбаъда барои беҳтар намудани шароит барои маҳсулоти ИИАО ба бозори Ветнам муайян карданд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Индонезия қасд доранд, созишнома дар бораи тиҷорати озод банданд. Таъкид гардид, ки он ба татбиқи иқтидори содиротӣ мусоидат хоҳад кард.