https://sputnik.tj/20240728/nigaroni-vazir-omuzish-zabon-rusi-makotib-tojikiston-1063696292.html
Нигаронии вазир аз сатҳи пасти омӯзиши забони русӣ дар макотиби Тоҷикистон
Нигаронии вазир аз сатҳи пасти омӯзиши забони русӣ дар макотиби Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи вазорати маориф, барои беҳтар аз худ кардани мавод методикаи таълими забони русиро дар мактабҳо тағир додан лозим аст
2024-07-28T12:19+0500
2024-07-28T12:19+0500
2024-07-28T12:19+0500
дар тоҷикистон
вазорати маорифу илми тоҷикистон
раҳим саидзода
забони русӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/14/1059487276_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_5881f0e009d6ff670da5bf066ce1d64f.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Бархе аз хонандагони мактабҳои Тоҷикистон баъди хатми синфи 11 ҳатто дар сатҳи ибтидоӣ забони русиро намедонанд. Дар ин бора вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода дар нишасти матбуотияш изҳор дошт. Дар ҳамин ҳол, ӯ ба ёдоварӣ гуфт, ки забон дар мактабҳо аз зинаҳои ибтидоӣ омӯхта мешавад. Таълими забони русӣ дар Тоҷикистон аз синфи дуюм оғоз мешавад.Ба гуфтаи вазир, барои беҳтар аз худ кардани мавод методикаи таълими забони русиро дар мактабҳо тағйир дода, ба бозӣ ва муоширати интерактивӣ таваҷҷӯҳ кардан лозим аст."Ҳангоми омӯзиши забон дар мактаб омӯзгорон ба грамматика таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунанд, ман пешниҳод кардам, ки методикаи таълим тағйир дода шавад, то хонандагон то ҳадди имкон ба омӯзиши забон – тавассути расмҳо, бозиҳои интерактивӣ ҷалб карда шаванд", - гуфт Сайзода. Ба гуфтаи ӯ, барои беҳбуди вазъ вазорат як барномаи вижае таҳия кардааст, ки дар чаҳорчӯби он барномаҳои намунавии омӯзиши забони русӣ аз нав коркард шудаанд. Ҳоло дар мактабҳо аз рӯи ин барнома барои омӯзгорон семинарҳои омӯзишӣ баргузор шуда, барои ҳавасманд кардани мактаббачагон китобҳои нави дарсии забони русӣ омода шудаанд.Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, созишнома дар бораи таъсиси Созмони байналмилалии забони русиро ба тасвиб расонд.Дар ҷумҳурӣ забони русӣ дар сарқонун тасдиқ карда шудааст ва мақоми забони муоширати байни миллатҳоро дорад. Ҳама ҳуҷҷатҳои расмӣ ба забони русӣ нусхабардорӣ мешаванд, рӯзномаҳо нашр мешаванд, барномаҳо дар телевизион ва радио пахш мешаванд, дар мактабҳо ва донишгоҳҳо омӯхта мешаванд. Дар Тоҷикистон 59 мактаб мавҷуд аст, ки дар онҳо раванди таълим комилан ба забони русӣ сурат мегирад. Дар 185 муассисаи таълимии дигар таълим ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ сурат мегирад.
https://sputnik.tj/20231231/markazi-duum-omuzish-zaboni-rusi-tojikiston-1061137310.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/14/1059487276_29:0:1166:853_1920x0_80_0_0_cf890caa5f645fc2f3e56010229ca0e2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нигаронӣ вазир омӯзиш забон русӣ макотиб тоҷикистон
нигаронӣ вазир омӯзиш забон русӣ макотиб тоҷикистон
Нигаронии вазир аз сатҳи пасти омӯзиши забони русӣ дар макотиби Тоҷикистон
Ба гуфтаи вазорати маориф, барои беҳтар аз худ кардани мавод методикаи таълими забони русиро дар мактабҳо тағир додан лозим аст
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Бархе аз хонандагони мактабҳои Тоҷикистон баъди хатми синфи 11 ҳатто дар сатҳи ибтидоӣ забони русиро намедонанд.
Дар ин бора вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода дар нишасти матбуотияш изҳор дошт.
Дар ҳамин ҳол, ӯ ба ёдоварӣ гуфт, ки забон дар мактабҳо аз зинаҳои ибтидоӣ омӯхта мешавад.
"Мо аз он нигаронем, ки ҳатто баъди хатми синфи 11 баъзе хонандагон забони русиро дар сатҳи ибтидоӣ намедонанд", - гуфт Саидзода.
Таълими забони русӣ дар Тоҷикистон аз синфи дуюм оғоз мешавад.
Ба гуфтаи вазир, барои беҳтар аз худ кардани мавод методикаи таълими забони русиро дар мактабҳо тағйир дода, ба бозӣ ва муоширати интерактивӣ таваҷҷӯҳ кардан лозим аст.
"Ҳангоми омӯзиши забон дар мактаб омӯзгорон ба грамматика таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунанд, ман пешниҳод кардам, ки методикаи таълим тағйир дода шавад, то хонандагон то ҳадди имкон ба омӯзиши забон – тавассути расмҳо, бозиҳои интерактивӣ ҷалб карда шаванд", - гуфт Сайзода.
Ба гуфтаи ӯ, барои беҳбуди вазъ вазорат як барномаи вижае таҳия кардааст, ки дар чаҳорчӯби он барномаҳои намунавии омӯзиши забони русӣ аз нав коркард шудаанд.
Ҳоло дар мактабҳо аз рӯи ин барнома барои омӯзгорон семинарҳои омӯзишӣ баргузор шуда, барои ҳавасманд кардани мактаббачагон китобҳои нави дарсии забони русӣ омода шудаанд.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, созишнома дар бораи таъсиси Созмони байналмилалии забони русиро ба тасвиб расонд.
Дар ҷумҳурӣ забони русӣ дар сарқонун тасдиқ карда шудааст ва мақоми забони муоширати байни миллатҳоро дорад.
Ҳама ҳуҷҷатҳои расмӣ ба забони русӣ нусхабардорӣ мешаванд, рӯзномаҳо нашр мешаванд, барномаҳо дар телевизион ва радио пахш мешаванд, дар мактабҳо ва донишгоҳҳо омӯхта мешаванд.
Дар Тоҷикистон 59 мактаб мавҷуд аст, ки дар онҳо раванди таълим комилан ба забони русӣ сурат мегирад. Дар 185 муассисаи таълимии дигар таълим ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ сурат мегирад.