https://sputnik.tj/20231231/markazi-duum-omuzish-zaboni-rusi-tojikiston-1061137310.html
Маркази дуюми истеъдодҳо барои омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Маркази дуюми истеъдодҳо барои омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Давоми моҳи охир ин дуюмин маркази захиравӣ мебошад, ки дар қаламрави Тоҷикистон ифтитоҳ шуда, "Россотрудничество" мегӯяд, соли оянда низ чунин нақшаҳо дорад
2023-12-31T13:05+0500
2023-12-31T13:05+0500
2024-01-04T15:37+0500
дар тоҷикистон
маориф
русия
намояндагӣ
россотрудничество
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102732/82/1027328248_0:159:3076:1889_1920x0_80_0_0_d18e2b53a416de8a2cc1fd81f0918b14.jpg
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Дар Панҷакент маркази дуюми омӯзиши забони русӣ кушода шуд, ки бо техникаи замонавӣ, инчунин лавозимот ва маводи зарурӣ барои таҳсил муҷаҳҳаз шудааст. "Мақсади лоиҳа аз он иборат аст, ки ба хоҳишмандон имкони омӯзиши забон ва фарҳанги русӣ дар синфхонаҳои бароҳати бисёрманзура фароҳам оварда шавад", гуфт роҳбари намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон, Иван Иванов. Нахустин Маркази захираҳо ё худ истеъдодҳои "Россотрудничество" дар шаҳри Турсунзода ифтитоҳ ёфта буд. Кори он бо дарси кушод дар бораи осори Александр Пушкин дар заминаи мактаби №75-и шаҳри Турсунзода шуруъ шуд."Ин марказҳо, ки аллакай дар 16 кишвари ҷаҳон кушода шудаанд, имкони омӯзиши гибридӣ бо истифода аз форматҳои нави чандрасонаӣ, фаъолиятҳои таълимӣ ва беруназсинфӣ доранд", - гуфта буд раиси намояндагии "Россотрудничество". Иван Иванов муҳим хонд, ки ин кор як таконе барои силсилаи рӯйдодҳо гардад, ки ба омӯзиши забони русӣ мусоидат мекунад.Тоҷикистон пешсафи бебаҳс дар таваҷҷӯҳ ба омӯзиши забони русист, изҳор дошта буд, кордори муваққати Русия дар ҷумҳурӣ, Вера Хуторская ва илова намуд, ки талош мекунанд, ба ин талабот бо масъулият бархӯрд намоянд.
https://sputnik.tj/20231208/omuzishi-zaboni-rusi-rahmon-hizbi-hokim-1060795483.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102732/82/1027328248_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_1d81f94ec40f2b065abc89d5de6a4781.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
имконият, омӯзиш, забон, русӣ, бештар, афзоиш, россотрудничество
имконият, омӯзиш, забон, русӣ, бештар, афзоиш, россотрудничество
Маркази дуюми истеъдодҳо барои омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
13:05 31.12.2023 (Навсозишуда: 15:37 04.01.2024) Давоми моҳи охир ин дуюмин маркази захиравӣ мебошад, ки дар қаламрави Тоҷикистон ифтитоҳ шуда, "Россотрудничество" мегӯяд, соли оянда низ чунин нақшаҳо доранд
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Дар Панҷакент маркази дуюми омӯзиши забони русӣ кушода шуд, ки бо техникаи замонавӣ, инчунин лавозимот ва маводи зарурӣ барои таҳсил муҷаҳҳаз шудааст.
"Мақсади лоиҳа аз он иборат аст, ки ба хоҳишмандон имкони омӯзиши забон ва фарҳанги русӣ дар синфхонаҳои бароҳати бисёрманзура фароҳам оварда шавад", гуфт роҳбари намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон, Иван Иванов.
Нахустин Маркази захираҳо ё худ истеъдодҳои "Россотрудничество" дар шаҳри Турсунзода ифтитоҳ ёфта буд. Кори он бо дарси кушод дар бораи осори Александр Пушкин дар заминаи мактаби №75-и шаҳри Турсунзода шуруъ шуд.
"Ин марказҳо, ки аллакай дар 16 кишвари ҷаҳон кушода шудаанд, имкони омӯзиши гибридӣ бо истифода аз форматҳои нави чандрасонаӣ, фаъолиятҳои таълимӣ ва беруназсинфӣ доранд", - гуфта буд раиси намояндагии "Россотрудничество".
Иван Иванов муҳим хонд, ки ин кор як таконе барои силсилаи рӯйдодҳо гардад, ки ба омӯзиши забони русӣ мусоидат мекунад.
Тоҷикистон пешсафи бебаҳс дар таваҷҷӯҳ ба омӯзиши забони русист, изҳор дошта буд, кордори муваққати Русия дар ҷумҳурӣ, Вера Хуторская ва илова намуд, ки талош мекунанд, ба ин талабот бо масъулият бархӯрд намоянд.