“Алоқаи заиф”: монеаи сиёсатҳои ҳукумат кай бартараф мешавад?

© Sputnik / Амир ИсаевДевушка снимает видео на смартфон
Девушка снимает видео на смартфон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2024
Обуна шудан
Эксклюзив
Муштариён шикоят доранд, ки наметавонанд пардохтҳоеро, ки бояд ғайринақдӣ сурат гирад, бинобар заъфи интернет анҷом диҳанд, Хадамот мегӯяд, сари ин кор дорад
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Алоқаи заиф, аммо таруфаҳои рӯ ба афзойиши хизматрасониҳои алоқа мавзуъи асосии нишасти матбуотии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон буд.
Ин мушкил барои роҳандозии сиёсатҳои ҳукумат, аз ҷумла гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ монеа эҷод кардааст.
Сокинони деҳаи Каҷровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд тайи солҳои охир борҳо ба ширкати Тисел муроҷиат карданд, ки дар амри беҳбуди хизматрасонии мобилӣ иқдом кунад.
Дар ин деҳа мавҷгир (антен) – и воқеъ дар болои русто саҳеҳ кор намекунад, балки вақте барқ хомӯш мешавад, аслан корношоям мешавад ва мардум наметавонанд бо ҷониби худ тамоси мобилӣ барқарор кунанд, чӣ расад ба тамоси интернетӣ.
Тайи ду соли ахир сокинони деҳа ба таври дастаҷамъӣ ва ҳам инфиродӣ тариқи мактуб ва шифоҳӣ барои Тисел дархост гузоштаанд. Кормандони техникии ширкат борҳо маҷгири русторо мавриди омӯзишу таъмир қарор доданд, аммо вазъ беҳбуд наёфт.
Флаг Таджикистана на экране телефона, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2024
Таъсири манфӣ ба аҳолӣ: Хадамоти алоқа аз операторон хост, сифатро боло баранду нархро не
Аммо ин мушкил танҳо мунҳасир ба ин русто нест. Сокинони рустоҳои атрофу ноҳия ва хориҷ аз он дар маркази вилояти Суғду ҳатто шаҳри Душанбеву дигар қисматҳои Тоҷикистон чунин шикоятҳо шунида мешаванд ва на фақат аз Тисел, балки тамоми ширкатҳои мобилӣ.
Агар як сар ба шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бизанед, ба даҳҳо шикоят аз “заъфи алоқа” ва ё “интернети бесифат” бармехӯред, ки муштариён дар ҳадди хашм ба дуои баду накӯҳиши ширкатҳои мобилӣ низ рӯ меоранд. Ва ин вазъ идома дорад.
Беш аз як сол пеш, 22 июни соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, фармоне “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” содир кард, ки интизор мерафт як инқилоби иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ҷомеаро барпо кунад, аз ҷумла мӯҷиби рушди инфрасохтори алоқа шавад.
Аммо муштариёни ширкатҳои мобилӣ шикоят мекунанд, ки бо чунин як “алоқаи заъиф” – у “интернети бесифат” дар амри анҷоми амалиёти ғайринақдӣ ба мушкил мувоҷеҳ шудаанд ва наметавонанд пардохтҳои молиётӣ, хизматрасониҳои мухталифи иҷтимоиву маиширо тариқи замимаҳои интернетӣ пардохт кунанд ва рӯ меоранд ба шеваву усулҳои қадимӣ.
Цифровые технологии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2024
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Аз сӯи дигар, бархе ширкатҳои мобилӣ дар ин миён муваффақ шудаанд, ки арзиши таруфаҳои худро аз 10 то 15% боло бардоранд ва ин ҳам дар ҳоле, ки онҳо наметавонанд ба ҳамон маблағе, ки аз муштарӣ мегиранд, хадамот ироа кунанд ва амалан пул аз хизмате ба даст меоранд, ки анҷом надодаанд.
Нишасти матбуотии Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон асосан бо баррасии ин мавзуъ гузашт.
Аҳлиддин Муртазозода, муовини тозатаъини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, гуфт, танҳо роҳи ҳалли мушкил тавсеаи ширкатҳо аз нуқтаи назари технологӣ ва боло бурдани зарфиятҳои ширкатҳои мобилӣ аст.
“Кореро, ки ҳоло мо бо иттифоқи ширкат мекунем, ҳар чӣ бештар насб кардани истгоҳҳои поя ва кашидани хутути файберии нурӣ аст, то дастрасӣ ба шабакаи интернети пурсуръат ҳамвор шавад”, - гуфт Аҳлиддин Муртазозода.
Тибқи иттилои ӯ, дар тӯли соли гузашта, дар саросари Тоҷикистон 157 истгоҳи поя насб шуда, 148.28 километр хутути иртиботии файбери нурӣ кашида шудааст.
Аммо Тоҷикистон як кишвари мунҳасир ба фард аст. 93% - и кишвар кӯҳистон аст, ки дар шебу фароз ва хаму печҳои дараҳои он ҳаракати мавҷ ва иртиботи муътадили барқӣ ба мушкил мувоҷеҳ мешавад.
Аз сӯи дигар, мушкили барқ, ҳатто дар фасли тобистон ҳама гуна баландпарвозиҳоро ба як рӯё табдил медиҳад, зеро дар ин гуна вазъият на истгоҳҳои поя дар баландиҳои пур аз барф дуруст кор мекунанд ва на ҳам маҷгирҳо.
Рафиқҷон Ҷалолов, сарпарасти Раёсати алоқа ва иттилоотонии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, мегӯяд, ба хотири ҳалли ин мушкил ширкатҳои мобилӣ ба харидории аккумуляторҳо, генераторҳо ва дизел – генераторҳо шуруъ кардаанд.
“Вуҷуди ин қабил зарфиятҳо, ки дар ҳолати бебарқӣ ба таври худкор фаъол шаванд ва дастгоҳҳоро бо барқ таъмин кунанд, хеле барои қатъ нашудани иртиботот хеле муҳим аст”, - гуфт Рафиқҷон Ҷалолов.
Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, тайи ним соли гузашта ширкатҳои мобилии “Индиго Тоҷикистон 45 маҷмуъ (ҳар як маҷмуъ аз се, бархе 12 аккумулятор иборат аст), “Мегафон” 300 маҷмуъ аккумуляторҳо, 12 маҷмуъ дизел-генераторҳо, “Зет мобайл” зиёда аз 100 маҷмуъ аккумулятор, 8 дизел-генератор ва “Вавилон” зиёда аз 120 маҷмуъ аккумулятор, зиёда аз 10 маҷмуъ дизел – генераторҳо ворид кардаанд.
Ба қавли Рафиқҷон Ҷалолов, ин ҳама маблағ талаб мекунад ва ширкатҳоро лозим меояд, ки таруфаҳои худро баланд бардоранд.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар инанд, ки ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар амри таъмини иртибоботи мобилӣ ва ҳам интернети мобиливу собит як роҳи дурударози пур аз мушкилотро дар пеш доранд.
Телефон в руке, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2024
"Баробарҳо": арзонии қимату тезии суръати интернети Тоҷикистон
Коршинос Нуруллоҳ Ҳусейнов мегӯяд, ҷуғрофиёи Тоҷикистон ҳама гуна имкони ҳалли барқосои мушкилоти алоқаи барқиро аз пеши ширкатҳои мобилӣ мегирад.
“Агар дар оғоз барои муштарӣ фақат тамоси телефонӣ кифоят мекард, ҳоло мехоҳад тамоси видеоӣ дошта бошад ва ҳам наворҳои видеоӣ тамошо кунад. Барои фароҳам кардани ин дилхушӣ барои ӯ ширкати мобилӣ бояд дар ҳар кунҷи як дараи кӯчак мавҷгир ва барои ҳама нозир дошта бошад. Ин вазъ харҷ ва вақти зиёдро тақозо мекунад”, - гуфт Нуруллоҳ Ҳусейнов.
Аз нигоҳи коршиносон, ҳоло алоқаи барқӣ дар қисматҳои ҳамворӣ, ҳудуди 7% - и ҷуғрофиёи Тоҷикистон низ мушкилоти худро дорад ва ба истиснои Душанбе, пойтахти кишвар, наметавон ба сифати он дар дигар шаҳрҳои бузург баҳои мусбат гузошт.
Ва мисоли барҷаста боз ҳам ҳамон рустои Каҷровут дар ноҳияи Деваштич аст, ки мушриф ба ҳамвории бекарон аст ва амалан як маҳалли аз нигоҳи фаннӣ нобоб нест.
Лентаи хабарҳо
0