"Баробарҳо": арзонии қимату тезии суръати интернети Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкТелефон в руке, архивное фото
Телефон в руке, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2024
Обуна шудан
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон иттилооти “Рейтинги дастрасии Mobile Data Affordability Index” дар бораи гаронии суръату хадамоти интернетиро рад кард
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Арзониву суръати интернет дар Тоҷикистон дар қиёс бо солҳои гузашта на бо фоиз, балки баробарҳо ҳисоб мешавад.
Дар натиҷаи афзоиши иқтидору зарфияти техникии шабакаҳои мобилӣ ва алоқаи собит арзиши миёнаи тарофаҳои хизматрасониҳои алоқаи барқиву дастрасӣ ба интернети мобиливу собит дар муқоиса бо моҳҳои аввали соли 2023 беш аз 100% поён омадааст.
Ин маълумотро Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ, ки ба ихтиёри Sputnik Тоҷикистон дод.
"Суръати дастрасӣ ба интернет барои ҳар корбар дар соли 2024 ба 30-32 мегабайт дар сония расид, дар ҳоле ки як соли қабл суръати дастрасӣ ба интернет барои ҳар корбар 10-20 мегабайт дар сонияро ташкил медод. Ин натиҷаи ислоҳоти соҳаи алоқа дар бештар аз як соли ахир аст", - гуфт манбаъ.
Флаг Таджикистана на экране телефона, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2024
Таъсири манфӣ ба аҳолӣ: Хадамоти алоқа аз операторон хост, сифатро боло баранду нархро не
Ба иттилои Хадамот, дастрасӣ ба арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва боло бурдани кайфияти суръати онҳоро тарофаҳое, ки аз ҷониби операторони мобилӣ пешниҳод мешаванд, исбот менамоянд.
Манбаъ афзуд, ки зарфияту гунҷоиши техникии каналҳои берунаи дастрасӣ ба интернет бо иловаи каналҳои эҳтиётӣ ба андозаи 400 гигабайт дар сония тавсеа ёфт.
"Соли гузашта ин рақам бамаротиб кам буд. Замина пас аз он фароҳам шуд, ки Хадамоти алоқа ба иддае аз операторон, иҷозатномаи пайвастани мустақим бо шабакаҳои телекоммуникатсионии байналмилалиро дод”, - гуфт манбаъ.
Тибқи иттилои Хадамоти алоқа, дар доираи тарофаҳои “МегаФон Тоҷикистон” ҳангоми пайвастшавӣ ба шабака дар семоҳаи аввали соли 2023 бо нархи 50 сомонӣ 1,5 ГБ трафики интернет дода мешуд ва дар семоҳаи аввали соли 2024 ҳангоми пайвастшавӣ ба шабака ба маблағи 50 сомонӣ ба муштарӣ на камтар аз 10 ГБ трафики интернетӣ ё фарқияти 7 баробар дастрас мегардад.
Цифровые технологии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2024
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар ширкати ZET-Mobille арзиши миёнаи 1ГБ интернет дар семоҳаи аввали соли 2023 ҳудуди 7,5 сомониро ташкил медод, аммо дар семоҳаи аввали соли равон 1ГБ ба 1 сомонӣ баробар гардидааст, ки фарқияти беш аз 7 баробарро нишон медиҳад.
Тарофаи МобиПакет NEW – и “Вавилон мобайл” 7000 МБ дар аввали соли 2023 бо каме баштар 99 сомонӣ фурӯхта мешуд, ки арзиши 1 Мб 0,0142 дирамро ташкил медод, ҳоло тарофаи “Mobi ULTRA Mobi ULTRA” ин ширкат 35 ҳазор МБ-ро бо 99 сомонӣ пешкаш мекунад, ки арзиши 1МБ ба 0,0028 дирам ё беш аз 5 баробар арзон шудааст.
Дафтари матбуоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, маълумоти фавқуззикр бори дигар исбот мекунад, ки нишондиҳандаҳои “Рейтинги дастрасии Mobile Data Affordability Index”, ки дар мисоли Тоҷикистон нархи миёнаи тарофаҳои бо 10 ГБ –ро 13,77 доллар, яъне тақрибан 150 сомонӣ гуфта буд, комилан беасос ва дур аз воқеият аст.
Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар семоҳаи аввали соли 2024 шумораи истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ ба 7,8 млн нафар расидааст, ки қариби 90-и аҳолии кишварро ташкил медиҳад ва аз ин ҳудуди 60% мардҳо, қариби 38% занҳо ва қариби 2% идораву корхонаҳо мебошад. Шумораи корбарони интернети мобилӣ ва собит ба 4 млн нафар расидааст.
Лентаи хабарҳо
0