https://sputnik.tj/20240725/tojikiston-voridot-mahsuloti-nafti-khorija-afzoish-1063663772.html
Тоҷикистон воридоти маҳсулоти нафтӣ аз хориҷаро афзоиш дод
Тоҷикистон воридоти маҳсулоти нафтӣ аз хориҷаро афзоиш дод
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки ба ҷумҳурӣ танҳо аз Русия дар шаш моҳи соли равон 524,2 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст
2024-07-25T15:16+0500
2024-07-25T15:16+0500
2024-07-25T15:16+0500
дар тоҷикистон
сӯзишворӣ
бензин
гази моеъ
воридот
далер ҷумъа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101444/71/1014447141_0:107:3086:1843_1920x0_80_0_0_acb7c2346befb6144a8c119bf75f61af.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Дар нимсолаи якуми соли равон аз ҳисоби соҳибкорон ва ҷамъиятҳои ватанӣ маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз ҳамаи давлатҳо ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 783,8 ҳазор тонна ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023, дар ҳаҷми 73,5 ҳазор тонна ё 10,3 % зиёд мебошад.Дар ин бора ар нишасти матбуотӣ вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа хабар дод.Ба гуфтаи вазир, дар доираи тавозуни индикативӣ воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз Русия ба ҷумҳурӣ 524,2 ҳазор тоннаро ташкил намуд.“Аз ҷумла, бензини автомобилӣ 236,6 ҳазор тонна, сӯзишвории дизелӣ 223,2 ҳазор тонна, сӯзишвории реактивӣ 22,7 ҳазор тонна, мазут 62 тонна, битум 27,9 ҳазор тонна, равғанҳои молиданӣ 5,4 ҳазор тонна ва гази моеъ 8,2 тонна ворид шуд”, - қайд кард вазири энергетика ва заоири оби Тоҷикистон.Вазири тоҷик зикр кард, ки воридоти маҳсулоти нафтӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65,6 ҳазор тонна ё 14,3% зиёд буда, 54% иҷрои нақшаи тавозуни индикативиро ташкил медиҳад.Ҳамчунин Далер Ҷумъа қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 156,5 млн. м3-ро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57,6 млн. м3 зиёд мебошад.
https://sputnik.tj/20240226/bozor-garm-gazi-moe-sardi-narkh-1061841525.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101444/71/1014447141_120:0:2851:2048_1920x0_80_0_0_b1806280eac876e72536e504bc215a35.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маҳсулоти нафтӣ, воридот, бензин, гази моеъ, энергетика, далер ҷумъа
тоҷикистон, маҳсулоти нафтӣ, воридот, бензин, гази моеъ, энергетика, далер ҷумъа
Тоҷикистон воридоти маҳсулоти нафтӣ аз хориҷаро афзоиш дод
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки ба ҷумҳурӣ танҳо аз Русия дар шаш моҳи соли равон 524,2 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Дар нимсолаи якуми соли равон аз ҳисоби соҳибкорон ва ҷамъиятҳои ватанӣ маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз ҳамаи давлатҳо ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 783,8 ҳазор тонна ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023, дар ҳаҷми 73,5 ҳазор тонна ё 10,3 % зиёд мебошад.
Дар ин бора ар нишасти матбуотӣ вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа хабар дод.
Ба гуфтаи вазир, дар доираи тавозуни индикативӣ воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз Русия ба ҷумҳурӣ 524,2 ҳазор тоннаро ташкил намуд.
“Аз ҷумла, бензини автомобилӣ 236,6 ҳазор тонна, сӯзишвории дизелӣ 223,2 ҳазор тонна, сӯзишвории реактивӣ 22,7 ҳазор тонна, мазут 62 тонна, битум 27,9 ҳазор тонна, равғанҳои молиданӣ 5,4 ҳазор тонна ва гази моеъ 8,2 тонна ворид шуд”, - қайд кард вазири энергетика ва заоири оби Тоҷикистон.
Вазири тоҷик зикр кард, ки воридоти маҳсулоти нафтӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65,6 ҳазор тонна ё 14,3% зиёд буда, 54% иҷрои нақшаи тавозуни индикативиро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин Далер Ҷумъа қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 156,5 млн. м3-ро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57,6 млн. м3 зиёд мебошад.