Сардӣ бозори гази моеъро дар Тоҷикистон гарм кард: Чаро нархҳо боло рафтанд?

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМанометр на заправочной колонке газозаправочной станции
Манометр на заправочной колонке газозаправочной станции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2024
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон, ки ҳафтаҳои охир ҳавои сарду боришот фарогир шудаст, талабот ба гази моеъ афзоиш ёфта, нархи он низ дар тоблуҳо боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 26 фев – Sputnik. Литри гази моеъ дар нуқтаҳои маводи сӯхти Тоҷикистон то 6,8 расидааст, бармеояд аз нархномаҳои нуқтаҳо.
Баландшавии нарх бештар дар фурӯши гази моеъ мушоҳида мешавад. Бино ба тоблӯҳое, ки ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт тартиб додаанд, нархи гази моеъ то 6, 7 – 6, 8 сомонӣ баланд шудааст. Як ҳафта қабл ин навъи сӯзишворӣ ба ивази 6,5 сомонӣ фурухта мешуд.
Роҳбари яке аз нуқтаҳои таъминоти сӯзишвории нақлиёт дар шаҳри Хуҷанд, Абдулло Исмоилов таъминоти сӯзишворӣ тағйирёбии нархи гази моеъро ба арзиши воридотии он рабт медиҳанд.
Нефтепродукты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2024
Тоҷикистон соли 2023 нафту гази бештар харид: фурӯшандаи асосӣ кист?
“Нархи воридоти яклухти ҳар кило гази моеъ аз 10,2 сомонӣ ба 10,6 сомонӣ баланд шуд. Ин ҳолат ба нархи фурӯши чаканаи мол бе таъсир буда наметавонад” – гуфт Исмоилов.
Тибқи мушоҳидаҳо ҳоло ба ҳисоби газ арзиши бензин ҳам каме баланд шуда дар ин миён танҳо арзиши сӯзишвории дизелӣ дар сатҳи 11,4 сомонӣ бетағйир боқӣ мондааст.
Баъзе аз коршиносон мегӯянд, дар сардшавии ҳарорати ҳаво талабот ба сӯзишворӣ бештар мегардад ва ин омил ҳам ба афзоиши нарх таъсир мерасонад.
Як ҳафта ба ин тараф ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон сард гардида дараҷаи он аз + 3 °C то ба – 1 °C поён шуд. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат аз ин ҳам поёнтар гуфта мешавад. Бино ба арзёбии обуҳавосанҷон сардшавии ҳарорат то як ҳафтаи дигар дар навоҳии кишвар давом хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0