Содироти беш аз 130 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаОвощи и фрукты
Овощи и фрукты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2024
Обуна шудан
Бо шарофати заҳмату талошҳои деҳқонони Тоҷикистон ва ҳамкориҳои судманди соҳибкорон бо ҳамтоёни хориҷӣ имсол наздик ба 132 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуд
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Дар баробари таъминоти бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти худӣ, тибқи маълумоти гумрукӣ дар 6 моҳи соли 2024 аз ҷумҳурӣ 131,6 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 124,4 миллион доллари ИМА содирот кардааст.
Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Нигина Анварӣ хабар додааст.
Ба иттилои вазир, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта содирот аз рӯи ҳаҷм 12,1 ҳазор тонна ё 8,4 фоиз кам ва аз рӯи арзиши гумрукӣ 25,5 млн доллар ё 25,8% зиёд мебошад.
"Дар таркиби содирот, маҳсулоти сабзавотӣ 23,5 ҳазор тонна ё 17,8 фоиз (аз ҷумла пиёз 22,0 ҳазор тонна ё 16,7 фоиз), меваҷот 10,3 ҳазор тонна ё 7,8 фоиз (аз ҷумла ангур 550 тонна ё 0,4 фоиз), меваи хушк 38,2 ҳазор тонна ё 29,0 фоиз, лӯбиёгиҳо 120,1 тонна ё 0,1 фоиз, полизӣ 424 тонна ё 0,3 фоиз, тухми мурғ (инкубатсионӣ) 1,7 ҳазор тонна ё 1,3 фоиз ва меваҳо ва тухмиҳои равғандор, растаниҳои доругӣ 2,5 ҳазор тонна ё 1,9 фоизро ташкил медиҳад", - иттилоъ дод Қурбон Ҳакимзода.
Заглушка к инфографике Что произвели в Согде за полгода? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2024
Тӯҳфаҳои замин: Вилояти Суғд аз бахши кишоварзӣ чӣ қадар фоида мегирад?
Инчунин ба иттилои масъулини вазорат Тоҷикистон ҳамчунин ба хориҷӣ кишвар нахи пахта содирот кардааст.
Ба маблағи 95,5 миллион доллар 54,5 ҳазор тонна нахи пахта ба хориҷи кишвар содирот карда шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта аз рўи арзиши гумрукӣ 20,5 млн доллар ва аз рӯи ҳаҷм 13,6 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Ин ниҳод хабар додааст, ки дар ин давра кишти пахта 174,9 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2023, 8,6 ҳазор гектар ё 5,2 фоиз зиёд мебошад
Лентаи хабарҳо
0