Тӯҳфаҳои замин: Вилояти Суғд аз бахши кишоварзӣ чӣ қадар фоида мегирад?

Обуна шудан
Дар соли 2024 тибқи нақшаи тасдиқшуда дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва деҳоти вилояти Суғд дар майдони 173,8 ҳазор гектар кишти баҳорӣ ба нақша гирифта шудааст
Дар шаш моҳи соли 2024 дар тамоми соҳаҳои кишоварзии вилояти Суғд ба маблағи 5,3 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13% афзоиш ёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки ду моҳ пеш дар моҳи май дар вилояти Суғд ҳамагӣ ба маблағи 1,7 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2024 тибқи нақшаи тасдиқшуда дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят дар майдони 173,8 ҳазор гектар кишти баҳорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0