Занги Раҳмон ба раисон ва дастураш ба ҳосилғундориву омодагӣ ба тирамоҳу зимистон

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкЭмомали Рахмон. Архивное фото
Эмомали Рахмон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба масъулин дастур додааст, ки омодагиҳоро ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронӣ аз ҳамин ҳоло бигиранд
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилояти Суғд, Хатлон, ҳамчунин раиси шаҳри Душанбе ва вазири корҳои дохилӣ суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Ба иттилои манбаъ дар ин суҳбат як қатор масоили муҳимтарини рӯз баррасӣ шуд ва раисҷумҳур барои сари вақту босифат анҷом додани тадбирҳои зарурӣ ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Қайд карда шудааст, ки таваҷҷуҳи асосӣ ба рафти ҷамъоварии ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ, суръат бахшидан ба кишти такрорӣ, афзун намудани иқтидори содиротии кишвар, бахусус содироти маҳсулоти кишоварзӣ, босифат ва сари вақт анҷом додани омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, хусусан, таъмиру тармими ҳамаҷониба ва босифати иншооти соҳаи маориф дар тамоми қаламрави кишвар то деҳоти дурдаст, вусъат бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ, пеш аз ҳама, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ зоҳир гардид.
Президенты Таджикистана и Узбекистана Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2024
Раҳмон Мирзиёевро бо зодрӯзаш табрик карду хостори густариши ҳамкорӣ шуд
Эмомалӣ Раҳмон ба раисон доир ба ин мавзуъҳои муҳим ва дар маҷмуъ, барои иҷрои дақиқи нақшаю барномаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Кишвардори Тоҷикистон ҳамчунин ба болоравии шадиди ҳарорати ҳаво дар кишвар, хусусан дар вилояти Хатлон, ки аз имрӯз сар шуда, то чанд рӯзи дигар идома хоҳад дошт, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудааст.
Вай ба масъулин дар бораи пешгирӣ аз сӯхтору дигар ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи биною иншоот, бозорҳо ва киштзор, бахусус заминҳои ғалла аз он ва зери назорат гирифтани ҷойҳои оббозии кӯдакону наврасон дастуру супоришҳо дод.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат таъкид намудааст, ки барои ҳифзи саломатӣ аз гармои шадид мардум бояд об зиёд нӯшанд.
Лентаи хабарҳо
0